Соҳибкорон дар ДСХ: Аз ташрифи Раҳимзода то Кабиров

Ба муносибати Рӯзи соҳибкорон  дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат вохӯрии соҳибкорону олимон бо омӯзгорону донишҷӯён идома дорад.

Дар ин вохӯрие, ки 7 октябри соли 2017 баргузор шуд, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои хориҷӣ Саймаҳмуд Саидов сараввал ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёни вохӯриро хайрамақдам гуфта, аз номи Раёсати  Донишкада ҳозиринро ба оғози “Ҳафтаи соҳибкорон” табрику таҳният  намуд. Сипас, ӯ иброз дошт, ки  соли сеюм аст,  дар Тоҷикистон “Рӯзи  соҳибкорон” баргузор мегардад. Дар Донишкадаи  соҳибкорӣ ва хизмат низ  баргузории чунин ҳафта ҳар сол ба ҳукми анъанана даромадааст ва он дар моҳи октябр гузаронида мешавад.

Доктори илмҳои  иқтисодӣ, профессор Шавкат Бозоров дар мавзӯи “Самтҳои стратегии соҳибкории инноватсионӣ” дар назди ҳозирин баромад карда, иброз дошт, ки инноватсия, навоварӣ асосан барои ҷавонон хос аст ва бояд ҷавонон хосиятҳои асосии соҳибкориро бештар омӯзанд. Инчунин, проблемаҳои соҳибкорӣ, роҳҳои объективӣ ва субъективии онро фаҳмонида, иброз дошт, ки барои тараққӣ додани соҳибкории инноватсионӣ дар кишвар, бояд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзиши он ташкил карда шавад, зеро замони муосир инро тақозо дорад.

Баъди маърӯзаи доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ш. Бозоров дар толор, дар байни иштирокчиёни вохӯрӣ мубоҳиса баргузор гардид. Иштирокчиён оид ба самтҳои асосии  стратегияи соҳибкории инноватсионӣ саволҳо пешкаш намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охири вохӯрӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои хориҷӣ Саймаҳмуд Саидов вохӯриро ҷамъбаст намуда,  ба соҳибкорону олимон, меҳмонону устодон миннатдорӣ баён намуд.

Ёдрас мешавем, ки “Ҳафтаи соҳибкорон”  дар донишкадаи мазкур аз 7 октябр оғоз гардида, он то 12 октябри соли ҷорӣ идома меёбад.  Қаблан Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни донишка мулоқот карда, доир ба ташаккул ва инкишофи соҳибкорӣ дар мамлакат баромад намуд. Дар вохӯриҳои навбатӣ Сурайё Уроқова, Директори генералии ҶДММ “Самимӣ”, Шералишо Кабиров, Раиси Шӯрои директорони ширкати алюминии тоҷик –ТАЛКО баромад намуда, ба устодону донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат оид ба фаъолият ва дастовардҳои хеш маълумот хоҳанд дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *