Суғд: Ошиқии 7- сола ба куштор анҷомид

Шаби 6-уми сентябр, соати 2:00 диқиқа ҷавони 24-сола, сокини шаҳри Хуҷанд маъшуқаашро  бо зарби 12 корд ба ҳалокат расонид. Ҳодисаи куштор дар кӯчаи Навободи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров рух дода, марҳум сокини ҷамоати мазкур будааст. Ба гуфти мудири шӯъбаи Кирминиластика ва ҷинояти ШВКД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-Хуршед  Ашрапов  сабаби асосии ҳодисаи куштор  ҳиссиёти рашк буда, ҷавон  бо маъшуқааш, зани 26-солаи сокини ноҳияи мазкур дар хонаи истиқоматии  зан  ҷангу ҷанҷол карда, билохир ӯро ба корди хоҷагӣ ба ҳалокат расонидааст.

Бо вуҷуди аз  рух додани ҳодиса  беш аз як моҳ сипарӣ шудан, то ҳол атрофи он тахмину гумонҳо зиёданд. Яке мегуфт духтар бо ҷавон никоҳи пинҳонӣ карда, зиндагии якҷоя доштаанд, дуюмӣ бар он буд, ки ҷавон нияти духтарро зан кардан надошт, вале модару духтар “ду пой дар як мӯза” ҷавонро домоди худ карданӣ буданд. Сеюмӣ мегуфт, ки хиёнати духтар сарашро хӯрд, чоруми рашки ноҷои ҷавонро сабабгори  ҳодиса медонист… Барои асли ҳолро фаҳмидам роҳ пеш гирифтем ба макони ҳодиса, то бо наздикони духтар сӯҳбат намоем. Модари  марҳум Аниса Сангинова-Қутбӣ Маҳмудова бо ашки шашқатор дар рӯи ҳавлӣ нишаста, ҳар замон “Анисаҷонам медонистӣ бе ту наметавонам, чаро маро партофта рафтӣ…” гӯён оҳи ҷонкоҳе мекашид…

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.

                                                                                                                                              Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *