Соатдузду буздузд дастгир шуданд
Тибқи гузориши маркази матбуоти ВКД, дар шабонарӯзи охир ду ҷавон ба гумони майдадуздӣ дастгир шудаанд.
Тибқи гузориш, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаҳои 237 ва 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.
“Номбурда шоми 8-уми декабри соли 2022 ҳангоми дар тарабхонаи “Киш-миш” қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз болои миз 1 соати тиллоиро, ки ба ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”,- омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки зарари расонидашуда 1200 долларро ташкил медиҳад.
Инчунин, тибқи ҳамин гузориш, дар натиҷаи аз ҷониби кормандони милитсия гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.
“Номбурда шаби 17 ба 18-уми апрели соли 2023, нисфишабӣ бо тариқи пинҳонӣ аз назди манзили истиқоматии марди 59-солаи сокини ҳамин ноҳия 3 сар бузро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”,- гуфта мешавад дар иттилоия.
Тибқи гузориш, зарари расонидашуда 4500 сомониро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ