Собиқадори матбуот Муқим Абдураҳмонов даргузашт

Устоди сухан, журналисти маъруфу собиқадор  Муқим Абдураҳмонов дар шаҳри Исфара дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт.

Ходими намоёни ҷамъиятӣ, рӯзноманигор ва адиби маъруф Муқим Абдураҳмонов рӯзи 16-уми август дар манзили зисташ-шаҳри Исфара ҷон ба ҳақ супорид. -“Фавти чунин як шахсияти бузург барои мо талафоти бебозгашт аст”-гуфт раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода.

Фаъолияти меҳнатию эҷодии равоншод Муқим Абдураҳмонов дар вазифаҳои корманди кумитаи комсомолии шаҳри Исфара (1961-1967), мудири шӯъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррир ва муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон», 1967-1975), мудири шӯъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Тоҷикистони шӯравӣ», «Ҷумҳурият», 1977-1978), муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» («Ҳақиқати Хатлон», «Навиди Вахш», 1979-1992), корманди кумитаи Ҳизби коммунисти шаҳри Исфара (1992-1993), ёвари раиси иттифоқи матлуботи вилояти Хатлон (1993) ва хабарнигори махсуси нашрияи «Садои мардум» дар вилояти Ленинобод (1993-1999) ва ҳам ба ҳайси нахусти сармуҳаррир рӯзномаи «Шӯълаи умед» – нашрияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд басо назаррас ва босамару пурмаҳсул сурат гирифтааст.

Аз устоди сухан Муқим Абдураҳмонов як силсила асарҳои бадеиву публитсистӣ — маҷмӯаҳои “Шаҳдрез” (1973), “Ситораи модар” (1975), “Ситораи Вахш” (1982), “Абри сафед” (1985), “Дар кошонаи дилҳо” (1994, дар ҳаммуаллифӣ бо М. Пӯлодзода) ва “Нишони умр” (1996, дар ҳаммуаллифӣ бо М. Пӯлодзода), “Андалебони Маҷнунбед” (1997), “Шаҳобиддин Нуриддинов” (1999), “Чароғи афрӯхта” 2004), «Аз баҳор то хазон» (2018) ба насли имрӯзу ояндаи мо ба мерос мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *