Тимур Зулфиқоров: «Ман ҳам коронавирус шудам…”

Бо нависандаи маъруф Тимур Зулфиқоров, ки соли ҷорӣ барандаи ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод»-и Фонди ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои ИДМ гардид, дар деҳаи хушманзари Зимчуруди ноҳияи Варзоб вохӯрда, дар канори чашмаи мусаффо, зери чинорҳои ҳазорсола ҳамсуҳбат шудем.

— Тимур Қосимович, дар ин шабу рӯз, ки коронавирус ҷаҳонро ба таҳлука овардааст,  чӣ ҳол доред?

— Ташаккур, бад нестам. Мо ҳанӯз моҳи декабр ин бемориро паси сар карда будем. Фикр мекунам, коронавирус  яке аз намудҳои вазнини зуком аст. Инсон набояд дар чунин лаҳзаҳо ба тахлука афтад. Албатта, кадом як тадбирҳои пешгириро низ бояд андешид, вале на то ҳадде ки одамонро ба воҳима андозӣ. Вақте бемор шудам, табиби ман гуфт: «Дар хона бош ва эҳтиёт шав». Дар натиҷа ман касеро, ҳатто худи табибро нагузоштам, ки ба ман наздик шавад.  Вақте чунин воҳимаҳои ҷаҳониро мебинӣ, фикр мекунӣ, ки дар пасманзари онҳо қувваҳо ва мақсадҳои сиёҳе истодаанд. Вақте аз қаҳрамони ман Хоҷа Насриддин пурсиданд, ки дар чунин вазъият чӣ пешниҳод мекунӣ, ӯ посух дод: “Кам кардани дороиҳои бузург!” Набояд як нафар миллиардҳо дошта бошад. Албатта, одамон бояд якхела зиндагӣ накунанд, ҳастанд меҳнаткашону танбалон. Одами боистеъдод бисёр кор мекунад ва бояд беҳтар аз дигарон ҳаёт ба сар барад. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ миллион ё миллиардҳоро аз худ накунад. Дар нигоштаи охиринам «Номаи Хоҷа Насриддин ба Билл Гейтс» маҳз ин чиз баён шудааст, ки нафсу муҳаббат ба сарват дунёро то кадом андоза ба девонагӣ овардааст.

— Шумо ҳамеша аз Хоҷа Насриддин ёдовар мешавед. То кадом анлоза ӯ дар эҷодиёти Шумо таъсиргузор аст?

— Медонед, дар бораи ман мегӯянд, ки ман Хоҷа Насриддин ҳастам. Чанде пеш созмони ЮНЕСКО  7 кишварро номбар кард, ки ба Хоҷа Насриддин алоқа доранд: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбайҷон, Эрон ва Туркия. Чӣ тавре ки як профессор изҳор намуд, ҳар давлат Хоҷаи худро дорад ва маҳз дар куҷо таваллуд шудани ӯро баҳс кардан бемантиқист.  Ҳатто дар Туркия ҷашни Хоҷа Насриддин вуҷуд дорад. Ин олим боз изҳор намуд, ки аз байни кишварҳои дигар Тоҷикистон метавонад даъвои бештареро оид ба ватани Хоҷа Насриддин будан баён намояд. Зеро ҳоло маҳз дар ҳамин кишвар Хоҷа Насриддин зиндагӣ мекунад. Муҳим он нест, ки ӯ дар куҷо таваллуд шудааст, муҳим он аст, ки роҳи ӯро кӣ идома медиҳад. Ман ду роман – «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин», «Бозгашт» ва қариб 600 манзумаро доир ба Хоҷа Насриддин иншо намудаам. Ӯ барои ман, пеш аз ҳама, хирадманд аст.

— Шумо муаллифи якчанд филмномаҳои машҳур, аз қабили «Рояли сафед», «Арӯсу домод», «Ошпаз ва сароянда» ва ғайра ҳастед, ки солҳои шӯравӣ киностудияҳо ба навор гирифта буданд…

— Филмҳои ман на танҳо дар «Тоҷикфилм», балки дар «Мосфилм»-у «Ленфилм», «Ӯзбекфилм», студияҳои Укрина ва Қирғизистон наворбардорӣ шудаанд. Ҳоло бо кинорежиссёри ҷавону ояндадор Румӣ Шоазимов ҳамкорӣ дорем ва филми «Паради домодҳо»-ро ба навор гирифтем. Хеле шодам, ки дар киностудияи “Тоҷикфилм” чунин коргардони бомаҳорате пайдо шудааст, ки роҳу анъанаи Бахтиёр Худойназаровро идома медиҳад. Чунин истеъдодҳоро дастгирӣ ва эҳтиёт лозим аст.

 — Вазифаи худро дар ҷаҳон аз чӣ иборат медонед?

— Вазифаи нависанда- ин ҳимояи камбағалону бадбахтон аст. Нависанда будан дарду азоби бузургест. Вақте одамон, хусусан кӯдакони  зиёди гурусна ва бехонаро мебинӣ, вақте мебинӣ, ки табиат дар пеши назарат ба ҳалокат мерасаду осеб мебинад, ин хеле дардовар аст.

— Шумо ба интернет ва технологияи навин то кадом андоза қаробат доред?

— Аслан ман яке аз душманҳои асосии компютер ва интернет ҳастам. Дар ин бора бисёр навиштаам. Албатта, бартариятҳои технологияи навинро низ дарк мекунам, вале дар ин партови азимҷусса ёфтани алмос кори осон нест. Ҷавонон роҳи дурустро гум кардаанд: чиро хонанду чиро донанд, ба кӣ бовар намоянду чиро бинанд. Ин фоҷиа аст. Ба кӯдакон набояд иҷоза дод, ки беш аз як соат сари компютер ё интернет бошанд. Масалан, дар Ҷопон дар робита ба ин қонунҳои махсус ҳаст ва назорати қатъӣ бурда мешавад. Ҷангали анбӯҳ хуб аст, вале агар роҳбаладе надошта бошӣ, туро дарандаҳо мехӯранд.

— Ватан барои Шумо чист?

— Ин як деҳаи дурдасти кӯҳист, ки аз канораш мегузарӣ ва фикр мекунӣ, ки маҳз бояд ҳамин ҷо зиндагӣ намоӣ. Байни одамони хеле содаю самимӣ, оромона, ҷое, ки на телевизион ҳасту на интернет. Дурӣ аз Меҳан барои нависанда ва эҷодкор албатта фоҷиа аст. Вале барои нависанда фоҷиаи асосӣ ин гум кардани муҳити эҷодист. Масалан, дар асри XVII қисми зиёди зиёиён дар Россия, аз қабили Бунин, бадарға шуда буданд, вале дар ғурбат низ асарҳои зиёде иншо намуданд. Ё дар Ватан метавон шоҳасарҳоеро эҷод кард, ва ё берун аз он, дар фироқи он…

Мусоҳиб

Насрулло ТӯЙЧИЗОДА

Нависанда Тимур Зулфиқоров, муаллифи даҳҳо асари марғуб ва барандаи ҷоизаҳои ҷаҳонӣ санаи 17-уми август зодрӯз дорад. Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дарвеши хирадманди адабиёт ва Хоҷа Насриддини асрро ба ин санаи фархунда табрик гуфта, барояш саломатӣ ва саодати рӯзгорро таманно доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *