Собиқ президент раиси якумрии Шӯрои амният мешавад
Порлумони Қазоқистон лоиҳаи қонунеро дарёфт кард, ки бар пояи он президент Нурсултон Назарбоев метавонад раиси якумрии Шӯрои амнияти кишвараш интихоб шавад. Лоиҳа ҳамчунин тағйири мақоми Шӯрои амнияти Қазоқистонро аз як ниҳоди машваратӣ ба конститутсионӣ пешбинӣ мекунад.
Дар сурати қабули лоиҳаи қонун, эҳтимол дорад, Шӯрои амният дар Қазоқистон ба яке аз марказҳои калидии идораи ин кишвар табдил ёбад ва тамоми мансабдорон ва ниҳодҳои иҷроия вазифадор хоҳанд шуд, ки қарори шӯро ва раҳбари онро иҷро кунанд..
Раҳбари Бунёди ҷамъиятии «Пажӯҳишгоҳи рушди конститутсионӣ ва демократия» Мереке Габдуалиев мегӯяд, лоиҳаи қонуни мазкур як чораи эҳтиётӣ барои Қазоқистон дар замони интиқоли қудрат аст.
«Ҳоло маълум нест, ки ҳангоми интиқоли қудрат кӣ чи гуна рафтор хоҳад кард. Эҳтимол дорад, касе таҷдиди назар кунад. Бинобар ин, ба Шӯрои амният мақоми конститутсионӣ дода мешавад. Зеро агар ҳангоми ба курсӣ нишастани президенти нав нофаҳмиҳое ба миён ояд, Назарбоев тавонад вазъ ва равандро идора кунад», — мегӯяд Габдуалиев.
Қазоқисон соли 2017 ба Қонуни асосӣ таъғирот ворид кард, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ба тақсими салоҳияти порлумон ва ҳукумат мусоидат мекунад. Созмони байналмилалии Freedom House ислоҳоти конститутсионии Қазоқистонро «ранг кардани девори кӯҳна» ва талоши навбатӣ барои маҳдуд кардани тақсими салоҳиятҳо номид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ