Сохтмони беш аз 100 синфхонаи иловагӣ дар Ҷайҳун

Ба хотири беҳтар кардани шароити таълим дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун сохтмони 107 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шудааст. Аллакай чанд синфхона ба истифода дода шуда, дар боқимонда иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Умед Эшонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар назди 16 муассисаи таълимӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст. Ӯ мегӯяд, синфхонаҳои иловагӣ асосан дар муассисаҳои таълимие бунёд мешаванд, ки мушкили ҷойи нишаст доранд. Ба таъкиди вай, бинои иловагии дорои ҳашт синфхона дар назди муассисаи таълимии рақами 20 сохта ба истифода дода шуд. Бинои иловагии дигар, ки аз чор синфхона ва ду утоқи кории омӯзгорон иборат аст, рӯзҳои наздик ифтитоҳ карда мешавад.

— Барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аз буҷети маҳаллӣ бештар аз 215 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳамчунин, Бонки рушди исломӣ ва сокинону соҳибкорон кумак карда истодаанд. То охири сол синфхонаҳои ба нақша гирифташуда пурра сохта мешаванд,- афзуд ӯ.

Умед Эшонзода мегӯяд, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми Бонки рушди исломӣ бунёди бинои сеошёнаи шуъбаи маориф ба нақша гирифта шудааст. Иншооти мавриди назар соли оянда ба истифода дода мешавад.

Феълан кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун дар бинои иҷора фаъолият доранд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *