Афзоиши вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон

Теъдоди вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 2,5 баробар зиёд шудааст.

Бино ба иттилои Агентии омори кишвар, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 870 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд. Ин дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2021 ба 344 ҳазор нафар баробар буд. Вуруди нисбатан бештари хориҷён ба ҷумҳурӣ дар семоҳаи сеюми ҳамин сол зиёда аз 400 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудааст. Дар ду семоҳаи аввали сол (6 моҳ) 470 ҳазор нафар аз Тоҷикистон боздид намудаанд.

Аз ҳама бештар вуруди шаҳрвандони Русия афзудааст: дар 2 семоҳаи аввал 112 ҳазор ва дар семоҳаи сеюми сол 113 ҳазор нафар. Ба ин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюм вуруди шаҳрвандони Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ аз 320 ҳазор нафар дар 2 семоҳаи аввал то ба 575 ҳазор нафар, Қазоқистон аз 9,7 ҳазор то ба 18 ҳазор, Туркия аз 2,7 ҳазор то 5,2 ҳазор, Чин аз 2 ҳазор то 3,8 ҳазор, Қирғизистон аз 1,9 ҳазор то 3,5 ҳазор, Эрон аз 1,8 ҳазор то 3,2 ҳазор ва Афғонистон аз 1,5 ҳазор то 2,5 ҳазор нафар афзудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *