Сохтмони беш аз 180 иншоот дар ноҳияи Дӯстӣ

Дар ноҳияи Дӯстӣ ба хотири истиқболи шоиста аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 180 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар шаш моҳи соли равон аллакай 52 иншоот бунёд шудааст.

Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ имрӯз, 7-уми августи соли ҷорӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки аз соли 2022 то имрӯз дар умум 120 иншоот бунёд шудааст. Ӯ мегӯяд, ки дар шаш моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ нақшаи корҳои сохтмонӣ беш аз 76 дарсад иҷро шудааст.

“То охири сол ин нақша барзиёд иҷро мешавад. Аз иншооте, ки сохтмонашон ба нақша гирифта шудааст, 13 адади онро корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ ташкил мекунад»,- афзуд ӯ.

Даврон Нишонзода афзуд, ки то соли 2026 дар маҷмуъ сохтмони 181 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. “Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти банақшагирифташуда сатҳи бекорӣ дар ноҳия коҳиш хоҳад ёфт”,- таъкид кард вай.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *