Эҳтимоли гузариши Дембеле ба “ПСЖ”

Расонаҳои хориҷӣ менависанд, ки гузариши Усмон Дембеле аз бошгоҳи “Барселона” ба дастаи “ПСЖ” хеле наздик аст.

Тибқи иттилои дастрас, аллакай роҳбарияти дастаҳо доир ба ин гузариш гуфтушунид кардаанд ва сухани охиринро бояд футболбоз гӯяд.

То ҷое маълум аст, Усмон Дембеле дар чанд мусоҳибааш гуфта буд, ки солҳои наздик нияти тарки дастаашро надорад, зеро онҷоро дӯст медорад, вале ба наздикӣ роҳбарияти “Барселона” гуфта буданд, ки ба хотири аз буҳрони иқтисодӣ баромадан шояд як футболбози калидиашонро фурӯшанд.

Эҳтимол аст, ки Усмон Дембеле дар бошгоҳи шаҳри Париж дар мавқеи Мбаппе бозӣ кунед, зеро ин тобистон ӯро аниқ мефурӯшанд. Аммо то ҳол расман на дастаҳо ва на худи футболбоз дар мавриди ин гузариш чизе нагуфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *