Сохтмони НБО-и «Роғун» соли 2029 пурра анҷом меёбад

Корвони иттилоотии Тоҷикистон — таҳти чунин унвон 21-уми август ҳайате бо шумули роҳбарону намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ ба минтақаи Рашт сафар карданд.

Анҷоми 65%-и кор дар “Роғун”

Ҳайати моро дар даромадгоҳи шаҳри Роғун роҳбарияту фаъолон пешвоз гирифтанд. Сипас, бо вазъи иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ шинос шудем.

Ҳимматалӣ Бобохонов, директори осорхонаи мазкур зимни суҳбат гуфт, ки осорхона соли 1996 бунёд шудааст. Дар инҷо 1187 ёдгории таърихӣ нигоҳдорӣ мешавад.

«Дар осорхона гӯшаи махсус ба хотири сохтмони НБО-и «Роғун» ташкил шуда, аксҳо аз ҷараёни ин сохтмони нодири аср гирдоварӣ шудаанд»,- гуфт роҳбари осорхонаи мазкур.

Сипас, ҳайати рӯзоманигорон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» шинос шуданд. Меҳмононро муовини директори истеҳсолии ҶСК НБО-и «Роғун» Қурбонназар Давронов роҳбаладӣ кард. Ӯ ба журналистон толори агрегатҳо ва макони корҳои васлу насби онҳо, сарбанд ва ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо ва дигар мавзеъҳои онро нишон дод.

Мавсуф изҳор дошт, ки ядрои сарбанд аз иншооти муҳими нерӯгоҳ ба шумор меравад. Корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро менамоянд.

Қурбонназар Давронов зимни суҳбат ба хабарнигори Pressa.tj гуфт, ки аллакай 65%-и корҳои сохтмону васлгарӣ анҷом ёфтааст. Тибқи лоиҳа соли 2029 корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ пурра анҷом хоҳанд ёфт.

Ба иттилои муовини директори НБО-и «Роғун», дар асоси дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз нерӯгоҳ қарор аст чархаи сеюми он моҳи ноябри соли 2025 ба кор андохта шавад. Таъкид менамоем, ки чархаи аввали нерӯгоҳ 16-уми ноябри соли 2018 ва дуюмаш 9-уми сентябри соли 2019 аз ҷониби Пешвои миллат ба кор андохта шуд.

Боғи фарҳангӣ дар Нуробод

Баъди ин, ҳайати рӯзноманигорон озими ноҳияи Нуробод шуданд. Онҳо дар шаҳраки Дарбанд бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангии ноҳия шинос гардиданд. Ин боғи фарҳангӣ бо маблағгузории Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и «Роғун»» сохта мешавад.

«Дар марҳилаи аввал муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ, Парчами миллӣ ва фаввораҳо сохта шудаанд. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар майдончаи варзишӣ, ошхонаи миллӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон ва насби таҷҳизоти истироҳату фароғат идома доранд»,- гуфт О. Додаров, муовини раиси ноҳия зимни суҳбат бо Pressa.tj.

Боғи интенсивӣ дар Рашт

Дар рӯзи дуюм журналистон ба ноҳияи Рашт сафар карданд. Ҳайати намояндагони васоити ахбори оммаро дар даромадгоҳи ноҳия муовини раис, масъулини мақомоти иҷроия ва фаъолон пешвоз гирифтанд. Сипас, онҳо вориди Боғи интенсивии ноҳияи Рашт гардиданд.

Боғи мазкур 5 сол пеш бо дастури Президенти кишвар аз ҷониби ҶДММ «Пайванд» дар ҳамбастагӣ бо Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Масоҳати умумии боғ 30 гектарро ташкил медиҳад. Дар он 18 навъи мева, махсусан, анвои гуногуни себу хуч парвариш меёбад. Боғ аввалин намунаи боғи интенсивӣ дар водӣ буда, ба таври озмоишӣ бунёд шудааст.

Баъди шиносоӣ бо боғи мазкур ҳайати рӯзноманигорон аз вазъи таълиму тарбия дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон огоҳ шуда, дар атрофи мизи мудаввар мавзуи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ: имконият, воқеият ва дурнамо»-ро баррасӣ карданд.

Тоҷикобод рушд мекунад

Дар давоми рӯз ҳайати рӯзноманигорон ба ноҳияи Тоҷикобод рафта, бо дастовардҳои ноҳия дар замони соҳибистиқлолӣ ошно шуданд. Зикр шуд, ки боғдорӣ дар ноҳияи Тоҷикобод тайи солҳои охир дар доираи барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ пеш рафт. Бо истифода аз имконоти мавҷуда сокинон тавонистанд, ки масоҳати боғҳоро ба 1702 гектар расонанд. Аз масоҳати умумии боғҳои мавҷуда 674 гектараш мевадиҳанда аст. Майдони боғҳои интенсивӣ бошад, дар ноҳия ба 5,2 гектар баробар гардидааст.

Сафари мазкур аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сурат гирифта, масири минтақаро пурра фаро гирифт.

Мирсаид САТТОРИЁН,

Аббос АМИНОВ,

Душанбе — Роғун — Нуробод — Рашт — Лахш — Тоҷикобод — Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *