Бенизомӣ дар “Садбарг” аз байн меравад (аксҳо)

Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба мақолаи “Пробка дар Садбарг”, ки дар шумораи №33 (1544), аз 16-уми августи соли 2023 дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” чоп шуда буд, вокуниш нишон дод.

Ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ, коҳиш додани тамбашавии роҳу нақлиёт ва ба талаботҳои замони муосир мутобиқ намудани инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт дар пойтахт яке аз ҳадафҳои муҳим ва аввалиндараҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, дар ин самт пайваста корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

“Метавон зикр намуд, ки доир ба риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳамлу нақли мусофирбарӣ ва пешгирии ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои саривақтии қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони сохторҳои марбутаи пойтахт гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбоҳои пойтахт рейдҳои муштарак гузаронида шуда, нисбати ронандагоне, ки ба қоидавайронкуниҳо роҳ медиҳанд, чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Аммо бо вуҷуди аз тарафи гурӯҳҳои корӣ пайваста андешидани чораҳои дахлдор ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ронандагон то ҳанӯз аз ҷониби аксарияти ронандагони воситаҳои нақлиёт қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя нагардида, дар ҷойҳои муайян нагардида воситаи нақлиёти худро таваққуф намуда, ба дигар иштирокдорони ҳаракат дар роҳ монеа пеш меоранд ва маҳз чунин ҳолат аз ҷониби шаҳрванд Бобоҷон Шафеъ дар назди маркази савдои «Садбарг» мушоҳида гардидааст.

Доир ба ҳолати ҷойдошта дар асоси супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шахсони масъули соҳа аз назди маркази савдои «Садбарг» дидан намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта, фаъолияти гурӯҳи кории дар ин масир фаъолияткунанда пурзӯр намуда, дастур дода шуд, ки минтақаи мазкур ба таври доимӣ зери назорати гурӯҳи корӣ ва сохторҳои марбута қарор дода шавад.

Ҳамзамон зимни азназаргузаронии воситаҳои нақлиёти дар ин масир таваққуфнамуда, муайян карда шуд, ки қисми зиёди воситаҳои нақлиёти таваққуфнамуда аз харидорон ва савдогарони маркази савдои мазкур мебошад. Аз ин лиҳоз, дар минтақаи мазкур аз ҷониби масъулини соҳа бо шахсони масъули маркази савдои «Садбарг» ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани мушкилоти дар ин самт ҷойдошта вохӯрӣ доир карда шуд. Қайд гардид, ки ҷиҳати бартараф намудани таваққуфи бенизоми воситаҳои нақлиёт дар маркази савдои «Садбарг» бо фурӯшандаҳои ин маркази савдо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шавад.

Масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбари пойтахт бо истифода аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ дар пойтахт ва ҳамзамон аз байн бурдани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд”,- омадааст дар вокуниш.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *