Резаахбор: Аз ғолибияти Усмонов то мағлубияти Англия

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи навбатии «RCC Boxing Fest», ки 17-уми август дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор шуд, бо варзишгари Русия Артем Пугач баромад ва бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 2-4-2 ғолиб омад.

***

Собиқ чемпиони ҷаҳон дар вазни дуюми нимсабуки IBF Шавкат Раҳимови тоҷикистонӣ набарди навбатии худро бо Чарли Суареси шикастнопазир аз Филиппин мегузаронад. Ғалаба ба Раҳимов кумак мекунад, ки ба унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук (59 кг) наздик шавад. Ӯ ба наздикӣ соҳиби унвони қаҳрамонӣ шуд, аммо дар вохӯрии комилан баробар аз Ҷо Кордина аз Бритониё мағлуб шуд ва унвонро аз даст дод.

***

Ҷудокори ҷавони тоҷик Абубакр Шеров (-73 кг) барандаи нишони тиллои Фестивали донишҷӯёни варзишгар дар шаҳри Екатеринбург гардид. Абубакр Шеров дар марҳилаи ниҳоӣ варзишгари белорус Руслан Ҳалавачовро ноком карда, унвони қаҳрамониро соҳиб шуд. Абубакр донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аст. Паҳлавони умедбахши кишвар моҳе қабл медали тиллои Ҷоми кушоди Осиё миёни ҷавононро низ ба даст оварда буд.

***

Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни мунтахабҳои занона дар Австралия ва Зеландияи Нав ба анҷом расид. Дар финали мусобиқа Испания ва Англия дар варзишгоҳи “Олимпи”-и шаҳри Сидней дар ҳузури 75 784 нафар мухлис бозӣ карданд, ки бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи Испания ба анҷом расид. Бо ин ғалаба Испания барои аввалин бор дар таърих унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Англия аввалин маротиба ба финали мусобиқа роҳ ёфт, аммо мағлуб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *