Сокини Душанбе дар Ҳисор истироҳатгоҳ гирифтаасту аз болояш шикоят карданд
Як сокини 32-солаи шаҳри Душанбе ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор шикоят кардааст, ки марди 37-солаи шаҳри Душанбе аз ӯ истироҳатгоҳе воқеъ дар шаҳри Ҳисор харидорӣ кардааст, вале маблағашро то ҳол надодааст.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки “… соли 2019 марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ истироҳатгоҳ, воқеъ дар шаҳри Ҳисорро ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, то ҳол маблағашро пардохт накардааст”.
Аммо аз онҳо ном бурда нашудааст ва гуфта нашудааст, ки чӣ гуна истироҳатгоҳ аст. Назари худи онҳо низ маълум нест.
Мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯи ҳолати мазкур бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ