Раҳим Саидзода

Як шарҳ вазири маорифро ба Панҷ бурд…

Дар як сомонаи иҷтимоӣ хабареро дар бораи сафари вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро ба яке аз ноҳияҳо хондаму зери хабар шарҳ навиштам: “Кош вазири муҳтарам ба мактаби №27-и ноҳияи Панҷ низ мерафтанд…“.

Гап дар сари он ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳияи Панҷ, ки дар зодгоҳи ман — деҳаи Наврўзи ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ воқеъ аст, хеле фарсуда шудааст. Аҳолии деҳа ҳам зиёд шуда истодаасту мактабе, ки солҳои шасти асри пор сохта шуда буд, дигар наметавонад ҳамаро ба таҳсил фаро гирад. Баъдтар дар атрофи он синфхонаҳои иловагӣ сохтанд, ки каме мушкили омўзгорону хонандагонро осонтар кард. Бо дастгирии аҳолӣ барои мактаббачаҳо толори варзишӣ низ сохта шуд… Ёд дорам, солҳои пеш омўзгорон аз ноҳия ва атрофи он ба кор меомаданд, имрўз бошад, аксарияти омўзгорон аз ҳамин деҳа ва кадрҳои ҷавонанд.

Пас аз чанд рӯзи шарҳ навиштанам яке аз муаллимони собиқадорамон Абдуқодир Олимов занг зада гуфтанд, ки “вазири маориф ба мактабамон омаданд, мизу курсӣ оварданд, ту матлабе навишта будӣ дар бораи мактаб?!”. Ҳеҷ боварам намеомад.

Нағз медонем, ки пинаки баъзе мансабдоронро матлабҳои танқидии давомдор низ вайрон намекунанд. Ба хотири як ҷумла шарҳ ба ноҳияи дурдасте сафар намудан — ин кори нафарест, ки рисолати бар дӯш доштаашро мардона иҷро мекунад. Тӯли солҳои зиёди мавҷудияти мактаби мо ба он ҷо рафтани вазири маориф ва илми кишвар бесобиқа аст. Суҳбати гарму самимии муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро бо омўзгорон ва хонандагони мактаб то ҳол вирди забони мардум аст.

Хуб медонам, ки ин ҳама аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат сарчашма мегирад, ки дар ҳар суханронияшон таъкид мекунанд: “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам”.

Лолаи САИДАКБАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *