Зарина Бадалова: Аз паси унвон намедавам
Зарина Бадалова яке аз ҳунарпешаҳои боистеъдоди тоҷик аст, ки 15 сол боз дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кору фаъолият мекунад. Ҳамзамон, ин бонуи ҳунар дар филмҳои зиёде нақш бозида, дар дили мухлисон ошён гузоштааст. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ бо Зарина Бадалова ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи онро манзури шумо менамоем.
– Чаро шумо маҳз касби актёриро интихоб намудед?
– Ба ин соҳа шавқу ҳаваси зиёд доштам. Ҳоло ҳам, рӯз ба рӯз ин ҳирфаро бештар дӯст медорам ва барои расидан ба қуллаҳои баланд талош меварзам.
– Чӣ гуна аз коллеҷи тиббӣ ба саҳнаи театр роҳ ёфтед?
– Дар оғоз модарам зидди ҳунарманд шуданам буданд. Бинобар ин, ба коллеҷи тиббӣ ҳуҷҷат супоридам. Вале ҳеҷ гоҳ худро ба ҳайси духтур тасаввур карда натавонистам. Бо вуҷуди ин, дохил шудам. Дар ҳамон шабу рӯз ба бемории вазнине гирифтор шудам, модарам бисёр тарсиданд, ки маро аз даст медиҳанд. Аз ин рӯ, гуфтанд, ки “духтарҷон, агар сиҳат шуда, ба по хестӣ, ба куҷое хоҳӣ, дохил шав”. Ҳамин тавр, баъди шифо ёфтанам донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода шудам.
– Имрӯз модаратон аз пешаи интихобнамудаатон розӣ ҳастанд?
– Модарам фақат як гап мегӯянд: “Духтарҷон, барои ман аҳамияте надорад, ки ту дар куҷо кор мекунӣ. Муҳим, ба роҳи рост қадам гузору нонатро ҳалол бихӯр”.
– “Рӯзе дарозтар аз қарн”-ро метавон оғози фаъолияти шумо ном бурд?
– Бале. Соли 2008-ум устод Нозим Меликов ба мо дар донишкада дарс мегуфтанд. Рӯзе устод гуфтанд, ки ба Театри ҷавонон як актрисаи ҷавон лозим аст ва мо туро ба як намоишнома даъват мекунем. Ҳамин тавр, ман дар намоишномаи “Рӯзе дарозтар аз қарн” дар таҳияи коргардон Султон Усмонов нақш офаридам.
– Дар тӯли фаъолияти 15-сола бозидани кадом нақш бароятон писанд буд ва кадоме душвор?
– Ҳамаи нақшҳоям писандам ҳастанд, чунки ҳар нақш баргирифта аз зиндагӣ аст. Зеро ин нақшҳо як эпизод, як нуқта аз ҳаёти худи мо ҳастанд. Барои офаридани ҳар як нақш торҳои асаби ман, вақти ман, умри ман рафтааст. Душворӣ албатта дар ҳар як нақш буд, вале вақте намоиш ба саҳна мебарояд, кас ҳама мушкилиҳоро фаромӯш мекунад. Ҳамаи нақшҳоям бароям азизанд, вале моноспектакли “Актриса”-ро бештар дӯст медорам.
– Вақте соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” шудед, чӣ эҳсос доштед?
– Беҳтарин эҳсос ва ифтихор! Ин моноспектакл, ки дар он нақши марказӣ доштам, соли 2018 дар фестивали “Фазои ҷавонӣ” дар Сочи соҳиби 5 диплом гардид. Яке аз онҳо “Беҳтарин нақши занона” буд, ки ба ман дода шуд. Намоишнома аз рӯи асари драматурги қазоқ Карина Шадимова дар таҳияи саркоргардони Театри давлатии ҷавонон Қамариддин Мирзоев ба саҳна гузошта шудааст. Албатта, бо талошҳои коргардон, бо кӯшишҳои банда ва дастгириҳои раиси вақти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш маблағи роҳкироро ҷамъ карда, ба ин фестивал рафтем. Хушбахтона, мо аз он ҷо бо сари баланд ва панҷ диплом баргаштем.
– Дар ҷое гуфтаед, ки “ороиши саҳнаро дар ин намоишнома худам анҷом додам ва либосҳои саҳнаро низ тайи чанд моҳ худам дӯхтам”. Магар аз ҷониби масъулони театр дастгирӣ наёфтед?
– Худам дархосте накардам! Соли 2016 ин моноспектакл ба сифати кори дипломии Қамариддин Мирзоев барои саҳна омода шуд. Баъдан, он ба репертуари театр шомил гардид, вале ман чизе талаб накардам. Аз оғоз нисбат ба намоишнома ҳеҷ таваҷҷуҳе набуд ва ҳамаи корҳоро барои ороиши саҳна худам анҷом додам. Барои либос низ аз ҳисоби худам харҷ кардам. Барои омода кардани фарши саҳна, ки риштадӯзӣ аст, хеле заҳмат кашидам. Вале инҳо муҳим нест. Муҳим ин ки, намоишнома ҳанӯз зинда аст.
– Дар яке аз мусоҳибаҳоятон гуфтаед, ки мо намоишҳои сатҳи замони навро офарида наметавонем, зеро драматурги нағз надорем…
– Бале! Ҳозир ман чизе гӯям, сахт мерасад. Имрӯз мардум аз техникаву технология бохабаранд, мехоҳанд як чизи нав тамошо намоянд. Албатта, донистани таърих ва адабиёти қадим зарур аст, вале вақте мо ба театр меоем, мехоҳем як чизи наверо бинем, ҳамқадами замон бошем. Афсӯс, диди нав надорем. Пеш аз дӯхтани либос мо матоъро интихоб мекунем, дар театр ҳам асос нигоҳи драматург аст. Ҳамин боис мешавад, ки мо бештар ба асарҳои хориҷӣ рӯ меорем, зеро онҳо бештар ба ҳадаф мерасанд ва ҳамқадами замонанд.
– Мехоҳед дар филмҳои хориҷӣ нақш бозед ё сабки филмҳои хориҷиро ба Тоҷикистон биёред?
– Албатта! Орзуи ҳар ҳунарманд аст, ки дар филмҳои хориҷӣ нақшофарӣ кунад. Бигзор онҳо бидонанд, ки дар мо низ ҳунармандони беҳтарин ҳастанд. Сабки филмҳои хориҷиро мо ба Ватан оварда наметавонем. “Тоҷикфилм”-и мо ба ҷое, ки пеш равад, ҳамеша ба қафо менигарад. Ин дард аст. Дигар ин ки, қадри ҳунармандро низ баланд кардан лозим. Барои нақш офаридан дар як филм ё ширкат дар дубляж 100 ё 150 сомонӣ пешниҳод мекунанд, ки ин беқадрист.
– Бо вуҷуди ин қадар душвориҳо чаро дилсард нашудед?
– Фикр мекунам, ки душвориҳо дар ҳама соҳаҳо мешаванд. Вале моро мушкилиҳо намешикананд. 15 соли умрам ба хотири мухлисон рафт, ба хотири ҳамин мухлисон месазад, ки идома диҳам.
– Ҷое гуфтаед, ки дар роҳи санъат “хостгорҳоямро” қурбон кардаам?
– Таъриф нашавад, аммо хостгори зиёде доштам. Шояд беҳтарин хостгорҳоямро қурбон кардам. Чанд соли ҷавониамро сарфи ҳунар кардам. Шукр, ки имрӯз оиладор ва соҳиби як духтари дӯстрӯяк ҳастам. Хостам дар зиндагӣ нафареро интихоб намоям, ки монеи роҳам нашаваду панҷ соли хонданам барҳадар наравад. Аз интихоби худ розӣ ҳастам ва умеди фаъолияти оянда дар ин роҳро дорам. Гарчанде медонам, баъд аз 40-солагӣ барои ҳунарманд парвозе вуҷуд дошта наметавонад.
– Аксари ҳунармандон баъд аз 40-солагӣ унвон гирифтаанд…
– Ин дар синамо аст, ман театрро дар назар дорам. Мо то пир нашавем, унвон намегирем. Чаро ҳунарманде, ки дар авҷи парвоз аст, қадрдонӣ намешавад? Моро дар авҷи парвоз мекушанд. Дар замони Шӯравӣ ҳамин гуна буд, ҳар нафаре, ки арзанда аст, новобаста аз синну сол унвон мегирифт. Ҳунармандро дар зинда буданаш қадр бояд кард.
– Шумо ягон унвон мехоҳед?
– Ҷое, ки қадр нест, ман онро намехоҳам. Барои ман агар унвон диҳанд, ҳамин хел диҳанд, даводав намекунам. Ному насабамро тоҷикӣ намекунаму аз паси унвон намедавам. Агар унвон хона медод, шояд даводав мекардам.
Мусоҳиб: Суман УБАЙДУЛЛОЕВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ