Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз дуди кӯрпача ба ҳалокат расид

Як сокини 44-солаи кӯчаи ба номи А. Бобоҷонови ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз дуди ғализи кӯрпачаи хонааш ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, ин ҳодиса субҳи рӯзи 22-юми октябри соли ҷорӣ рух додааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳрванд дар ҳоли мастӣ сигор кашидаву дар ин асно хоб бар ӯ ғалаба кардааст ва аз сигори дасташ кӯрпачаи хона сӯхтаву дуди он соҳиби масти шароби хонаро ба ҳалокат расонидааст.

Тавре манбаъ меафзояд, зану фарзанди марҳум дар Русия қарор доранд ва ӯ дар хона танҳо зиндагонӣ мекардааст.

Ҷасади марди ҳалокшуда барои ташхис ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *