Ифтитоҳи ду дидбонгоҳ ва иншооти ёрирасон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дидбонгоҳ ва иншооти ёрирасони ШВКД ифтитоҳ карда шуд. Ифтитоҳи иншооти мавриди назар дар доираи сафари кории Роҳбари давлат ба вилояти Хатлон сурат гирифт.

Дар ифтитоҳи бинои дидбонгоҳи сарҳадии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва иншооти ёрирасон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ иштирок карданд.

Гуфта мешавад, ки дар сохтмони бинои ёрирасон соҳибкор ва шахсони саховатпеша саҳм гузоштаанд. Иншоот дар қисмати қафои бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷойгир буда, дар масоҳати 480 метри мурабаъ сохта шудааст, ки барои будубоши кормандони мақомоти милитсия боз ҳам шароити хуб фароҳам гардид.

Ҳамчунин, бинои дидбонгоҳи сарҳадии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои мавриди назар дар деҳаи Дараи оби Ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар шафати шоҳроҳ сохта шуда, аз як ошёна ва аз 1 ҳуҷраи навбатдорӣ, 1 ҳуҷраи хоб барои 5 нафар, ошхона, синфхона ва ҳуҷраи нигоҳдории яроқ иборат мебошад.

Дар ин рӯз дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии 0308-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳам мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар расми ифтитоҳи иншооти мавриди назар Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва Сафаралӣ Халилзода, муовини сардори раёсати КДАМ дар минтақаи Кӯлоб иштирок карданд. Қурбон Ҳакимзода бо афсарон ва аскарони ин қисми низомӣ суҳбати сарироҳӣ намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар гардид.

Дидбонгоҳи сарҳадӣ дар даромадгоҳи деҳаи Дараи оби ҷамоати деҳоти Доғистон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани шароити хизматчиёни ҳарбӣ сохта шудааст.    Бино аз як ошёна иборат буда, он аз 1 ҳуҷраи навбатдорӣ, 1 ҳуҷраи хоб барои 10 нафар, ошхона, синфхона, ҳуҷраи нигоҳдории яроқ иборат мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *