Сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар мина таркиданд

Ду сокини деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешиназ таркиши  мина дар як мавзеи марзӣ бо Афғонистон, ҷон бохтаанд. Мақомоти интизомӣ дар маҳал мегӯянд, ки ин афрод барои шикор рафтанд буданд ва дучори ин ҳодиса шуданд.

Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфтааст, ки ҳодисаи баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбеи 18-уми октябр рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, Орзу Содиқови 22-сола ва Зуҳуршо Раҳматови 29-соола ҳангоми шикор ба мавзеи марзӣ рафта ва бо мина бархӯрдаанд. «Пас аз огоҳ шудан аз ҳодиса, сокинон ҷасадҳои онҳоро ба деҳа интиқол доданд»,-афзуд манбаъ.Дар ҳоли ҳозир мақомоти интизомӣ ба ҳадафи таҳқиқи марги ин ду сокини Қавоқ, ба ҷои ҳодиса рафтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *