Нархи дору дар дорухонаҳо боло рафт

Дар Туркманистон қимати дору гарон мешавад. Бахши туркмании Радиои Озодӣ аз қавли манобеи худ менависад, аз ибтидои сол то кунун қимати доруҳо ду баробар гарон шудааст.

«Барои мисол, доруи «Квинтон» пештар 65 манат буд, ҳоло 113 манат шудааст. «Нистатин» пештар 6 манат буд, ҳоло ба 12 манат расидааст», — мегӯяд манбаи радио.

Пештар аз ин ҳам дар дорухонаҳои Туркманистон шумори доруҳо начандон зиёд буд, аммо ҳоло ба маротиб камтар шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар дорухонаҳои хусусии Туркманистон дору зиёд, аммо гаронтар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *