Сокинони Ваҳдат китобҳои тозанашри «Адиб»-ро тамошову харидорӣ карданд
Дар шаҳри Ваҳдат намоиш-фурӯши асарҳои тозаэҷоди Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, дар намоиш-фурӯш китобҳои тозаэҷоди муассиса, аз қабили 50 ҷилди «Ахтарони адаб», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯи чоп омадаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.
— Сокинони шаҳри Ваҳдат бо самимияту муҳаббати беандоза аз намоиш-фурӯш дидан намуда, китобҳои мавриди писанди хешро харидорӣ намуданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ