Соли нав бо ҷаримаи нав
Аз 1-уми январи соли 2019 мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон боло хоҳад рафт.
Барои мисол, агар ҷарима барои сурх гузаштан аз чароғаки роҳ то ин вақт 250 сомонӣ буд, аз моҳи январ ронандагон барои чунин қонуншиканӣ 275 сомонӣ пардохт мекунанд.Андозаи ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикисмтон аз рӯи «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» шумурда мешавад. Ҳаҷми ин нишондиҳанда дар ҳоли ҳозир 50 сомонӣ аст. Аз соли нав 55 сомонӣ мешавад.Ин тағйирот дар қонуни будҷаи Тоҷикистон барои соли 2019 ворид шудааст ва ин қонун ҳафтаи гузашта аз тарафи вакилони порлумон тасвиб гардид. Олимҷон Бобоев, вакили парлумони Тоҷикистон, гуфтааст,ки ин тасмим ба поён рафтани қурби асъори миллӣ дар баробари арзи хориҷӣ вобаста аст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, «ҳадафи ҷилавгирӣ аз қонунвайронкуниҳои зиёд дар ҷомеаро дорад».Дар ду соли охир бори дувум аст, ки ҳаҷми ҷаримаҳо дар Тоҷикистон боло бурда мешавад. Соли 2017 ҳаҷми «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» аз 40 сомонӣ ба 50 сомони расонида шуда буд. Дар зимн, бар асоси тағйироти нав ҳама намуди ҷаримаҳо – шурӯъ аз вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, то ҷарима барои ҷиноятҳои сабук ба андозаи даҳ дар сад зиёд мешаванд. Баъзе намуди боҷи гумрукӣ ва андозҳо низ тибқи қонун аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мешавад ва нархҳои онҳо низ гарон хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ