Парвиз роҳбари Палатаи Русия шуд

Максим Орешкин,  Вазири рушди иқтисодии Русия  27 ноябр зодаи Тоҷикистон Парвиз Константинович Тухтасунови 33-соларо роҳбари Палатаи федеролии кадастри Русия таъйин кард.

Парвиз Тухтасунов 11 июли соли 1985 дар Душанбе ба дунё омада, 10 сол пеш Академияи тиббии ба номи Сеченови шаҳри Маскавро хатм кардааст.Бори аввал ба мақоми роҳбари Палатаи федеролии кадастри Русия як зодаи Тоҷикистон тахйин шуд. Фармони таъйиноти Тухтасуновро ҳамчунин муовини вазири рушди иқтисодии Русия Виктория Абрамченко имзо кардааст ва дар сомонаҳои расмии Палатаи кадастр ва Росреестр, ки ин палата тобеи ҳамин идора аст, алакай маълумоти расмие нашр шудааст, ки дар он Парвиз Тухтасунов ҳамчун роҳбари Палатаи кадастр зикр шудааст.Дар тарҷумаи ҳоли расмии Парвиз Тухтасунов, ки рӯзи 27 ноябр дар сомонаи расмии Палатаи федеролии кадастри Русия пайдо шуд, гуфта мешавад, ки ихтисоси аввали ӯ табиб аст. Парвиз Тухтасунов соли 2008 Академияи тиббии ба номи И.М. Сеченови шаҳри Маскавро ва соли 2017 Донишкадаи боз (Открытый институт)-ро бо ихтисоси «идоракунии давлатӣ ва мунитсипалӣ» ва Донишгоҳи иқтисодии ба номи Г.В.Плехановро бо ихтисоси «молияи ширкатҳо» хатм кардааст.Парвиз Тухтасунов солҳои 2008-2012 дар Академияи тиббии ба номи Сеченов ба ҳайси ординатор, интерн ва аспирант фаъолият карда, солҳои 2011-2016 дар сохторҳои тиҷоратӣ кор кардаас. Ӯ моҳҳои август-октябри соли 2016 ба ҳайси муовини мудири дастгоҳи «Росселхозземлемониторинг» кор карда, ду соли охир, то таъйин шуданаш ба мақоми роҳбари Палатаи федеролии кадастр мушовири сардори Хадамоти федеролии сабти номи давлатӣ, кадастр ва харитасозии Русия буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *