Соли нави “рақамӣ”. Чӣ тавр муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” наздикони худро табрик намуданд?

2 580 Тб интернет ва зиёда аз 70 миллион зангҳо – чунинанд натиҷаҳои фаъолнокии муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Соли нав. 31 декабр ва 1 январ шабакаи оператор рекорди навбатии “идона” гузошт: трафики овозӣ дар муқоиса ба соли гузашта 4% ва таҳвили маълумот 14% афзоиш ёфт.

Пеш аз Соли нав муҳандисони ширкат аудити анъанавии фаъолияти шабакаро дар шаҳрҳои калонтарини Тоҷикистон – Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кулоб доир намуданд. Қобилияти гузариши пойгоҳҳои базавӣ дар маконҳое васеъ карда шуд, ки дар онҳо афзоиши назарраси трафики “солинавӣ” пешгӯӣ шуда буд. Дар баробари ин, имконияти пайвасткунӣ ба хатҳои сарбориашон нисбатан камтар таъмин карда шуд. Шаби соли нав мутахассисони техникӣ дар реҷаи махсусан фаъол кор карда, фаъолияти устувори шабакаро ҳатто дар муддате, ки  сарбории шабака ниҳоят зиёд буд, таъмин намуданд.

Корҳои дигари нақшавӣ низ барои омодашавӣ ба афзоиши трафик анҷом дода шуданд. Ҳамин тавр, дар охири соли 2024 МегаФон Тоҷикистон дар ҳудуди тамоми кишвар зиёда аз 70 пойгоҳҳои нави базавиро ба кор даровард. Диққати махсус ба манбаъҳои захиравии нерӯ, ки бо онҳо иншоотҳои алоқаи ширкат таъмин карда шудаанд, зоҳир карда шуд. Аз ҷумла хизматрасонии нақшавии техникӣ, таъмир ба амал бароварда шуда, таҷҳизоти муайян ва намудҳои нисбатан муосир иваз карда шуданд. Корҳои зикршуда зиёда аз 230 дастгоҳҳои дизелӣ-генераторӣ, беш аз 500 батареяҳои аккумуляторӣ ва 25 трансформаторро фаро гирифтанд. Ҳамаи майдонҳои пойгоҳҳои базавӣ, ки дар онҳо дизел ба кор бурда мешавад, пурра бо маводи сӯзишворӣ таъмин карда шуданд. Натиҷа – ҳатто дар вақти сарбории бениҳоят баланд дар Соли нав шабакаи оператор дар реҷаи штатӣ фаъолият дошт.

Шаҳри аз ҳама пешсаф аз ҷиҳати табрикон Душанбе баромад. Дар ин ҷой муштариёни ширкат зиёда аз 750 Тб интернетро ба кор бурдаанд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта 13% зиёдтар аст. Миқдори зангҳо ба андозаи 9% афзоиш ёфт.

Дар маҷмӯъ, дар кишвар муштариён зангҳои видеоӣ, паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро ҳарчи фаъолтар истифода мебаранд. Зиёда аз нисфи трафики умумии интернет, ки шаби соли нав истифода карда шуд, ба Instagram (550 Тб), YouTube (537 Тб) ва TikTok (332 Тб) рост омад. Ҳатто зангҳои овозӣ низ зиёдтар дар шабакаи 4G/LTE, ки барои анҷоми занг бе қатъи интернет имкон медиҳад, анҷом дода мешаванд. Дар муқоиса ба шаби гузаштаи солинавӣ афзоиши миқдори VoLTE-зангҳо 20%-и рекордиро ташкил дод. Лекин ирсоли SMS аз ҷониби муштариён ниҳоят кам шудааст: агар як сол пеш миқдори чунин паёмакҳо аз 2 миллион зиёд шуда бошад, дар соли ҷории 2024-2025 он наздики 700 ҳазорро ташкил додааст. Сокинони Тоҷикистон шабакаҳои нави рақамии муоширатро интихоб менамоянд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *