«Сомон Эйр» ба Исломобод ҳам парвоз анҷом медиҳад
Ширкати “Сомон Эйр” нахустин парвозро аз Душанбе ба Исломобод анҷом дод. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Ширкати “Сомон Эйр”, ин парвоз 13 декабри соли равон сурат гирифт ва минбаъд идома меёбад.
Гуфта мешавад, ки ояндаи наздик дар доираи барномаи тавсеаи шабакаи парвозҳо «Сомон Эйр» тасмим дорад парвозҳои мунтазамро ба Ҷумҳурии Исломии Покистон роҳандозӣ намояд, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такони нав хоҳад буд.
“Соли ҷорӣ аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 30 сол пур шуд ва ифтитоҳи хатсайри мустақим дар ин соли фархунда басо рамзӣ буда, бевосита ба таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, иқтисоду тиҷорат ва рушди сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард”,- мегӯяд манбаъ.
Давомнокии парвоз аз Душанбе то Исломобод 90 дақиқа буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737 — 800/900 сурат мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки Ширкати «Сомон Эйр» аз соли 2008 инҷониб дар бозори байналмилалӣ дорад. Айни замон Ширкати “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ