«Сомон Эйр» парвозро ба самти Душанбе-Мюнхен зиёд кард
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Pressa.tj аз афзоиши шумораи парвозҳо дар самти Душанбе-Мюнхен-Душанбе хабар дод.
Гуфта мешавад, ки аз 19-уми июл ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба Мюнхен ва самти бозгашт ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом хоҳад дод.
“Зиёд шудани парвозҳо байни Душанбе ва Мюнхен на танҳо Тоҷикистонро ба кишварҳои Аврупо боз ҳам наздиктар месозад, балки барои мусофирон ба ҳангоми банақшагирии сафар имкониятҳои бештар фароҳам меорад”,-хабар медиҳад ширкат.
Вақти парвоз аз Душанбе — 00:10, аз Мюнхен – 17:00 ба вақти маҳаллӣ буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 сурат мегиранд.
Айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ