Канзи шифо: Меваҳои ситрусӣ ҷоғарро нест мекунанд?

Ман ҷавонзани 20-сола ҳастам. Дӯст дошта, ба шавҳар баромадам, вале бахт ба рӯям нахандид. Ҳамагӣ пас аз шаш моҳи оиладориамон шавҳарам ба садамаи нақлиётӣ афтода, ҷавонмарг шуд. Ман баъди чор моҳи марги шавҳарам ду писарчаи дугоник таваллуд кардам. Шукрона мекунам, ки аз ишқам ҳамин ду фарзанд бароям ёдгорӣ мондааст, вале баъди марги падари бачаҳоям гиряву нолаи бисёре карда, аз ғаму дарди зиёд худам ба бемории ҷоғар гирифтор шудам. Як дугонаам дар Донишгоҳи тиббӣ мехонад ва ҳамеша ба ман занг зада, таъкид мекунад, ки бештар меваҳои ситрусӣ — апелсин, мандарин ва лимӯ хӯрам. Магар бо мева ҷоғарро табобат карда мешавад?

ГУЛИСТОН, сокини шаҳри Душанбе

Посух:

— Дугонаатон рост гуфтааст, дар ҳақиқат меваҳои ситрусӣ, махсусан афлесун ба ҷоғар фоидаи бисёр дорад. Гап дар сари он аст, ки ҳипертериози ғадуди сипаршакл, яъне ҳамон ҷоғаре, ки шумо мегӯед, боиси аз миқдори лозимӣ бештар ҳосил шудани ҳормони тироидӣ гашта, бар асари он дар кори асаби марказӣ, системи уруқӣ-қаблӣ, мушакӣ ва дигар узвҳо вайрон мешавад. Барои табобати ин навъи ҷоғар бештар хӯрдани лимӯ, афлесун ва овёс тавсия дода мешавад. Шумо метавонед барои бештар гаштани таъсири меваҳо аз ин нусхаҳо истифода баред.

Нусхаи аввал

Як дона лимӯ ва як дона афлесунро бо пўсташон аз мошини гӯштқиммакунак гузаронида, ба он як қошуқ асал илова кунед. Барои тайёр шудани даво онро як шабонарўз дар ҷойи торик нигоҳ доштан лозим аст. Рӯзе се маротиба пеш аз хӯрок аз ин даво ба миқдори як қошуқи чойхӯрӣ гирифта, бо оби гарм якҷоя карда, нӯши ҷон созед, ба зудӣ беҳбудии комилро эҳсос мекунед. 

Нусхаи дигар

Чӯбчаҳои дарахти гелос ҳам сатҳи ҳормони тироидро дар хун хеле паст карда, ба табобати ин навъи ҷоғар мусоидат мекунанд. Метавонед чӯбчаҳои гелосро ҷӯшонида, обашро нӯшед.

Саломат бошед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *