«Сомон Эйр» соҳиби ду ҳавопаймои дигар мешавад

Парки техникии ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бо техникаи муосири ҳавопаймоӣ мукаммал гардонида мешаванд. Аз ҷумла, Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки бо ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймои «Боинг» барои харидорӣ намудани ду ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737/MAX» шартнома ба имзо расонад.

Дар ин хусус директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати  Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки ҳавопаймоҳои тамғаи «Боинг 737/MAX» дар семоҳаи аввали соли 2026 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар ин замина ҷуғрофияи парвозҳо боз ҳам фарох гардонида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *