Сомон Маҳмадбеков ба финали Бозиҳои Осиёӣ роҳ ёфт
Сомон Маҳмадбеков зери вазни то 81 кг дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дода, ба финали Бозиҳои Осиёӣ роҳ ёфт.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар финал Сомон бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ гӯштин мегирад.
Сомон дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба карда, ба даври ниманиҳоии Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу-2022 баромад.
Дар даври ниманиҳоӣ Сомон тавонист бо як ҷасорату матонати ба худ хос бар Абулайхан Жубаназари қазоқ бо имтиёзи вазарӣ ғалаба карда, ба финал роҳ ёбад.
Ҳамакнун, Сомон дар финал бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ гӯштин мегирад.
Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) барои нишони биринҷӣ бо Кингдага аз Чин нерӯсанҷӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёӣ 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. 138 варзишгар аз Тоҷикистон аз 18 риштаи варзиш дар ин мусобиқа баромад мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ