Дар водии Яғноб ду пули мошингузар ифтитоҳ ёфт

Дар минтақаи Даҳана ва Дуобаи водии Яғноби деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ маросими​ ифтитоҳи ду пули мошингузар баргузор гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Айнӣ, дар маросими ифтитоҳи пулҳо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони​ ташкилотҳои байналмилаливу шарикони рушд, сокинони Яғноб иштирок намудаанд.

Раиси вилоят зимни ифтитоҳи пулҳои мошингузар иброз доштааст, ки “бунёди роҳу пулҳо дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Зеро бунёди роҳу пулҳо аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад”.

— Сохтмони ду пули мошингузар дар минтақаи Даҳана ва Дуобаи водии Яғноби деҳоти Анзоб, ки барои иқтисодиёт ва беҳдошти зиндагии мардуми ин минтақа муҳим мебошад, дар доираи супориши созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид,- таъкид кардааст роҳбари вилоят.

Иттилоъ дода шудааст, ки бунёди иншооти мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот тавассути дастрасӣ ба инфрасохтори деҳот дар водии Яғноб»​ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳаҷми​ 525 ҳазор сомонӣ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Агроаксияи Олмон дар ҳаҷми​ 920 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

— Дар натиҷаи сербориш омадани фасли зимистони соли гузашта роҳи водии Яғноб то моҳи май дастрас набуд. Корҳои асосии сохтмонӣ дар мавзеъҳои Даҳана ва Дуобаи водии мазкур моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардид.​ Корҳои васлу насби таҷҳизоти оҳану кафшергарӣ аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ ба анҷом расонида шуд. Пас аз ба истифода додани пулҳои мазкур сокинони деҳаҳои болооби водии Яғноб пурра аз он истифода бурда, имконияти дастрасӣ ба роҳи мошингард то деҳаҳоро пайдо мекунанд. Инчунин, пулҳои мазкур имконият медиҳанд, ки сокинон дар фасли зимистон бо маводи озуқа таъмин шаванд ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба водии Яғноб зиёд гардад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *