Сооронбой Жээнбеков дар Душанбе
27 сентябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ вориди шаҳри Душанбе гардид.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 28 сентябри соли равон ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ