Сарвазири Арманистон ба Тоҷикистон омад

Шоми имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 28 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *