Сорбон: Навиштаи нашрношуда зиёд дорам…
Устод Сорбон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 85-сола шуд.
Зиндагинома
Сорбон 27-уми январи соли 1940 дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва соли 1963 факултаи филологии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор мондааст. Баъдан муҳаррири барномаҳои адабии радиои Тоҷикистон, муҳаррири калони нашриёти «Ирфон», мухбири калони рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» будааст. Чанд сол дар нашриёти «Маориф» ва Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ фаъолият доштааст.
Аз соли 1965 ба навиштани ҳикоя шуруъ намуда, нахустин гулчини ҳикоёташ «Гап дар дил» соли 1969 интишор ёфтааст. Муаллифи қиссаву романҳои маъруфи «Занги аввал», «Санги сипар», «Ҷӯгӣ», «Сабо», «Қумрӣ», «Пиндор», «Марди танҳо», «Чархи эҳтиётӣ», «Санам», «Спитамон», «Шинел», «Дашти Морон», «Кабӯтари сафед», «Буд, набуд», «Зарафшон», «Актёр», «Достони писари Худо», «Туғрал», «Росу», «Кадевар», «Барзгар», “Маздак”, “Даричаи дил” ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво мебошад.
То имрӯз 15 ҷилди Куллиёти осораш ба дасти чоп расидааст.
Аз гуфторҳои устод Сорбон:
Зодгоҳ барои ман чист? Барои он ки ба ин савол ҷавоб гӯям, ҳама асарҳоямро бояд аз нав баланд-баланд хонам, то шунаванду донанд, ки зодгоҳ маро чист ва онро то куҷо дӯст дорам? Зодгоҳ ҷоест, ки хуни ноф рехтааст. Минбаъд ҳам кас ҳозиру нозир аст, агар зарурат ояд ҳамчун ватандор хун ва ҷони хеш барои ҳифзу ҳимоя ва ободии он нисор кунад. Зодгоҳ ватани кӯчак ва Тоҷикистон Ватани бyзypг: ман барои амондарагиҳо писари Ҳамроҳи Содирам; барои панҷакентиҳо амондарагӣ; вилоятиҳоро панҷакентӣ; тоҷикистониҳоро суғдӣ; ҷаҳониёнро тоҷикистонӣ.
***
Кӯдакии ман ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъд аз он рост меояд, якунимсола будам, ки ҷанг оғоз гардид ва ҳамаи он азобҳое, ки дар ақибгоҳ буд, бар сари мо омад. Кӯдакии оддӣ набуд, дар синни ҳаштсолагӣ он чӣ бузургон мекарданд, мо ҳам мекардем. Масалан, он замон падару модарон дар колхоз кор мекарданд ва баъзан ягон воқеа ё сабабе ба миён меомад, ки онҳо ба кор рафтан наметавонистанд ва албатта, мо кӯдакони норасида, ба ҷои онҳо ба кор мерафтем, ҳама коре, ки дар колхозу кӯҳистон ва деҳот буд, ман аз сар гузаронидам. Зиндагии он давра баробари мо рушд мекард ва мо, ки баъди харобаҳои зиёд дунёи нав месохтем, дар баробари он бузург шудем.
***
Тақрибан баробари ба осмон рафтани Гагарин, ки ҳама сухан аз кайҳон мегуфтанду ҳама соҳаҳои ҳаёти халқ, аз ҷумла, адабиёт рушд дошт, мо қалам тез карда будем, барои навиштани асар. Гумон кардам, ки дар чунин замон бояд заминӣ монам, сорбон бошам. Ман тахаллус нагирифтам, номамро иваз кардам. Ном доштам Облоқул. Омили дигар ин аст, ки дар он рӯзгор Облоқул ном шахс мезист, инсоне буд, худашро боло мегирифту паст буд. Аз ин хусус ман аз баҳри номи хонаводагӣ баромадам. Ибтидо ҳикояҳои хурди лирикиам, ки замони донишҷӯйиам чоп шуда буданд, Облоқул Ҳамроҳзода ном доштам, баъд Сорбон пури Ҳамроҳ ном шудам.
***
Ман баринҳо метавонанд нанависанд. Зеро сухани ногуфта намонда. Аммо бо касоне рӯ ба рӯ мешавем, ки корҳое мекунанд, ки шайтон аз уҳдаи чунону чунин намебарояд. Ҳадаф аз нависандагиам худамонро ба худамон шиносонидан ва сурати инсонҳоро дар ойина рӯ ба рӯ нигоҳ доштан, ба шарте ки онҳо худашонро дар ойина дида шинохта тавонанд… Дигар ин ки ман хома ба даст нагирифтаам, хома ба дастам додаанд.
***
Ман кам механдам. Баъзан аз ман мепурсанд, ки чаро кам механдӣ? Мегӯям, ки сабаб ё асбоби ханда нест. Агар рафиқе ягон ҳикоят ё латифаи бисёр зариф гӯяд, механдам. Агар ягон кас сухани хубе, намакине гӯяд, завқ мекунам; агар ягон калимаи ҷустаамро ё барои худ мувофиқро пайдо кунам, шод мегардам… Лекин бароям ҷаҳонро диҳанд, беҳуда намехандам. Зеро касеро шайтон ҳамроҳ аст, зиёд механдад… Вақте гиря мекунам, ки нокасии баъзеҳоро бинам, ноҷавонмардии касонро донам; носазо касеро ҷазо диҳанд, беҳуда мардеро саркӯб созанд; беҳуда касеро ҳабс кунанд, қатл кунанд, маҳкум созанд…
***
Ман метавонистам бисёр корҳоро ба анҷом расонам, пешниҳодҳо буданд. Баъзеҳо бад қабул кунанд ҳам, як чизро бояд гӯям. Шумо мурғро дидаед, агар тухмаш қаба кунад, ҷой мекобад. Ман низ барои асар эҷод кардан ҷой мекофтам. Дар хонаи тахтагини кӯчаи Орҷоникидзе зиндагӣ мекардем, шароити эҷод набуд: гарму мағали кӯчаю боз ҳашт фарзандаму хонаи тангу… Ман аз хонаам сими барқ кашида, дар гӯшаи ҳавлӣ ҷойи кор муҳайё кардам барои худ… Шаб хомӯшак пахш мекард, кор карда нашуд. Орзуи дар дараи Варзоб ягон манзил сохтан кардам. Ҳамроҳи Лоиқ хело кофтему наёфтем, баъд аз Харангон як замин пайдо шуд. Аз «Зарафшон» сар карда, боқимондаи асарҳоямро дар ҳамон боғча, ба қавле бӯстонсаро навиштам. Дар воқеъ ман аз «Ҷӯгӣ» сар карда, дар мошинка менависам, ҳоло ба компютер гузаштам, ки корамро хело осон кард, сиёҳ кардану таҳрир кардану… Дар нашрияҳо муҳаррири хонагӣ шудаву дар ҳамон ҳавлӣ кор мекардам… Намедонам, тамоми вуҷудам барои адабиёт буд. Талоши ягон чиз накардаам. Бовар мекунед, рӯйи курортро надидаам, як маротиба ҳамроҳи Лоиқ «Коктебел», ки ҷо барои нависандаҳо буд, рафтам, ки пушаймон шудам. Сафарро бад мебинам…
***
Заминро дӯст дорам ва сарсабз доштани боғро. Дар ҳар гӯшаи замини бобоӣ ё ҳавлии шаҳрӣ хештанро кулбаи роз сохтаам, бо худам ва қаҳрамонҳоям гуфтушунуфт мекунам. Саг, гyрба, кабк, мурғ, филмурғ дорам. Бо обу донаашон машғул мешавам. Онҳо қаҳрамонҳои романи «Росу» ҳастанд.
***
Имрӯз ҳастанд асарҳое, ки мо метавонем бо адабиёти имрӯзаи ҷаҳон муқоиса кунем, аммо як чиз ҳаст: мо чизҳои бударо ба ҷаҳон пешкаш карда наметавонем. Мисол, романи «Барзгар»-ро чанд кас пешниҳод кард, ки ба забони русиву англисӣ тарҷума карда, берун барорам, аммо ман як тарҷумони дуруст намеёбам, ки аз уҳдаи ин кор барояд. Баъзеҳо ҳастанд, ки аз уҳдааш мебароянд, аммо нарх мемонанд осмонӣ. Ба як саҳифааш 10 доллар! Нависандаи имрӯза менависад, бо ёрдами ягон кас чоп мекунад… ва бо ҳамин ба итмом мерасад. То сарҳади Ӯзбекистон мераваду тамом.
***
Манбаи забондонии ман инҳоянд: Якум, забони модарӣ, яъне гуфтори хонаводагӣ ва ё маҳал. Ҳар қадар ки аз чунин гуфтор калима пайдо мекунаму кор мебандам, боз мисли “ганҷи равон” калима пайдо мегардад бамаврид. Он калимотро бо калимаҳои забони китобҳои пешин муқоиса мекунам. Маънӣ ё тарзи навишташонро муайян месозам. Вақте ки Худованд дар шаш рӯз оламро офарид, ба ҳама навъи мавҷудот ном, ранг, гуна ва чизҳои зарурӣ бахшид. Аз ин рӯ, гоҳи навиштан адиб бояд ном, ранг, вазифа, дархӯрди ҳама баргу матоъи тасвирро донад. Дуюм, калимаю ибораҳое, ки аз асарҳои классикӣ омӯхтаам. Сеюм, калимаҳое, ки аз гуфтору баёни мардумони рустою шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон шунидаам.
***
Баъди хатми донишгоҳ ба радио, аз он ҷо ба рӯзнома ва баъдан дар Иттифоқи нависандагон кор кардам. Гӯё кор кардам, аммо вуҷудам кор намекунад, зеро мегурехтам ва ба бӯстонсароям рафта, асар менавиштам. Ҳоло ҳам гарчанде қувватам камтар аст, вале хоҳиши навиштан дорам… Барои ман муҳимтарин кори ҳаётам навиштан аст, кору курсиву вазифа не. Ҳеҷ гоҳ назди касе барои унвону ҷоиза нарафтаам… На танҳо барои унвон, балки барои нашри асарҳоям ба ҷое муроҷиат накардаам…
***
Кӯдакии мо чандон ширинӣ надошт, талхиҳо ҳам дошт, норасоиҳо ҳам, лекин намедонам, ки чаро кӯдакони дар замони ҷанг, пеш аз ҷанг ва баъди ҷанг тавлидшуда худро шер мегирифтанд, на рӯбоҳ. Шояд ба хотири он ки ҳама барои як кас, як кас барои ҳама кор мекард… Агар устод Айнӣ хоки дари мадрасаро чашидаву 75 дарра хӯрда, ба воя расида бошанд, мо хоки роҳ, хоки замин, хоки гандумпаяро бо даҳону бинӣ хӯрда, ба воя расидем. Ин чӣ қисмат буд… намедонам. Замони ҷанг ба ҳама маълум, лекин бадтараш баъди ҷанг буд. Бисёриҳо барнагаштанд, бедарак шуданд… дард баъди ҷанг шуруъ шуд. Беҳуда устод Қаноат шеъри «Бародарам»-ро нанавиштаанд. Чаро асарҳои мо дард дорад, барои ин ки мо эрка, нозгунҷ калон нашудем. Ман ҳама кореро, ки падарам ба дӯш гирифтанд, кардам. Падарам пода гирифанд, подабонӣ, галабон шуданд, галабонӣ, ҷувоз гирифтанд, ҷувозкашӣ, осиёб гирифтанд, осиёббонӣ кардам. Ҳама кори деҳотро кардам, то замоне ки ба омӯзишгоҳи Панҷакент омадам, ин ҳам бо талқини падарам, ки мегуфтанд: бихон.
***
Ман дар ду замон, дар замони шӯравӣ ва Истиқлол зиндагиву эҷод кардам, аз чизеву касе малӯл нестам. Гумон мекунам, ки дар замони шӯравӣ ҳам ошкор менавиштам, ҳоло ҳам. Лекин на ба ин маънӣ, ки зидди ҷараён мерафтам. Аммо ба рафти ҷараён низ бел назадаам, ҳеҷ гоҳ. Ҳадафи ман навиштани асари нағз асту халос. Барои ҳамин одамони бадро мазаммат мекунам, одамони поку дилсофу кушодаю шуҷоъу коргарро ситоиш…
***
Навиштаҳои зиёд дорам, ки то ҳол нашр накардаам, чун вақташ наомадааст. Агар тавонистам, нашр мекунам, натавонистам, баъд аз сари ман фарзандонам чоп хоҳанд кард…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ