Сосонфар даргузашт
Дирӯз дар шаҳри Женева, пойтахти Ҷумҳурии Шветсия яке аз олимони машҳур, пажӯҳишгари таъриху фарҳанги мардуми ориёӣ, узви гурӯҳи мушовирони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» доктор Обтин Сосонфар дунёи фониро падруд гуфт ва дунёи илму адаб ва фарҳанги куҳани мардуми ориёӣ, бавижа пажӯҳишҳои авастоӣ ва зардуштӣ яке аз номдорони барҷастаи худро аз даст дод.
Обтин Сосонфар соли 1307 (1928) дар Теҳрон валодат ёфт. Ӯ таҳсилоти ибтидоияшро дар дар дабистонҳои зардуштиён — “Ҷамшеди Ҷам”-у “Фирдавсӣ” ва дабиристони “Фирӯзи Баҳром” гирифт. Пас аз ин Донишгоҳи Теҳронро бо ихтисоси коршиноси ҳуқуқ ва иқтисод хатм кард. Сипас, коршиноси аршад (магистратура)-ро дар Донишгоҳи Женева хатм кард ва унвони доктории ҳуқуқро дар Донишгоҳи Сорбонни Париж гирифт.
Ӯ пеш аз Инқилоби исломии Эрон 1357 (1979) ба сифати мақоми мушовири ҳуқуқӣ ва вакили даъвоҳои Созмони барқи Теҳрон кор мекард. Пас аз ғалабаи Инқилоби исломӣ, ки ба ақидаҳои Сосонфар мухолиф буд, ӯ дар қатори ҳазорон равшанфикри эронӣ Эронро тарк кард ва ба Фаронса кӯч баста, солҳо дар риштаи иқтисодиёт кор кард.
Дар баробари корҳои ихтисосӣ оқои Сосонфар, алоқамандии наздик ба фарҳангу адаби ориёӣ, махсусан Авастову Зардушт дошт ва қисмати бештари умри худро барои омӯзиш ва таҳқиқи ин ганҷинаи ғиноии ниёкон бахшид.
Корҳои беназири ӯ дар дар таърих, забоншиносӣ ва баргардон кардани «Готҳо» ва сарводаҳои Зардушт, яке аз кухантарин навиштаҳое, ки дар ҷаҳон аз куҳан боқӣ мондааст, беқиёсанд.
Мозиёр Қавидил, пажӯҳишгари таърих ва фарҳанги Эрон, ки муқими Шветсия буду солҳои охир яке аз дӯстони наздики оқои Сосонфар буд дар мавриди арзиши корҳои ӯ мегӯяд: «Пажӯҳиш ва анализи вожа ба вожаи готҳо (17 суруда мунтасаб ба Зардушт) ва тарҷумаи онҳо аз корҳои муҳими зиндаёд доктор Обтин Сосонфар будааст. Китоби «Готҳо», ки иборат аз 1174 сафиҳа аст, ҳосили пажӯҳиши Обтин Сосонфар дар тӯли се даҳа ба шумор меравад».
Обтин Сосонфар пас аз таҳқиқодҳои бисёрсола дар оини Зардуштӣ ва китоби Авасто хулоса мекард, ки «Омӯзаҳои Зардушт асосан барои хушбахтии ҷомеа ҳастанд». Баргардон кардани куҳантарин навиштаҷоти ниёгони мо – «Готҳо» барои шиносонидани муосирон ба ниёгони куҳан ва соҳибтамаддун амали савоб ва миллатдӯстдоронаи Сосонфар маҳсуб меёбад.
Дар баробари корҳои пажӯҳиши доктор Обтин Сосонфар як қатор лоиҳаҳо ва сохтмонҳои азимро маблағгузорӣ кардааст, ки арзишмандтарини онҳо “Анҷумани ҷаҳонии зардуштиён”, “Маркази зардуштиёни Фаронса” ва “Фарҳангсарои ориёӣ дар Тоҷикистон» мебошад.
Ба гуфти Мозиёр Қавидил Обтин Сосонфар «чанд миллион доллар барои харид ва сохти “Маркази зардуштиён дар Бритониё” ва чанд маркази зардуштӣ дар Амрико» масраф карда, барои нашри Энсиклопедияи “Эронико” кумак кардааст.
Доктор Сосонфар бо Тоҷикистон ва тоҷикон алоқаи зич дошт. Ӯ дӯстдори табиати кишвари мо буд ва хумори ватани худ – Эронро, ки имкони рафтан надошт, дар ин ҷо мешикаст. Натиҷаҳои ҳамкории ӯ бо олимони кишвари мо баргардонии китоби «Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ», ки ба қаламаи Муҳаммадқул Ҳазратқулов (Муҳаммад Ҳазратӣ), донишманди тоҷик тааллуқ дорад, мебошад.
Ҳамчунин, ӯ соли 2008-ум дар ҳамкорӣ бо шоира Раънои Зоирдухт дар шаҳри Истаравшани бостонӣ бинои муҳташами «Фарҳангсарои ориёӣ»-ро бунёд кардааст, ки имрӯз яке аз марказҳои калидии фарҳангӣ ва муттаҳидкунандаи равшанфикрони на танҳо Тоҷикистон, балки ҷаҳон мебошад.
Марги Обтин Сосонфар барои илму адаб ва фарҳанги форсизабонони ҷаҳон талафоти бузург аст.
О.Нозир
Аз идора:
Аҳли қалами ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз марги узви гурӯҳи мушовирон доктор Обтин Сосонфар сахт андуҳгин буда, марги ӯро талафоти бузурге барои илму фарҳанги форсизабонон арзёбӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ