Туйи ҳамсоя анҷом ёфту Фотима худро дор кашид

Фотима, хонандаи мактаби миёнаи №21-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ даст ба худкушӣ задааст.

Мақомоти маҳаллӣ бо тасдиқи ин хабар ба хабарнигорон гуфтанд, ҳодиса 28 август дар манзили истиқоматии марҳум, дар деҳаи Чаҳордараи ноҳияи Ҳамадонӣ рух додааст.

Ба иттилои манбаъ Фотима тахминан соатҳои 11 ба 12-и нисфирӯзи, ба ҳамом даромада, худро ба дор овехтааст: “Модараш ба хонаи ҳамсоя меравад, Фотима ба ҳамом даромада, дарашро аз дарун маҳкам мекунаду худро меовезад”.

Сокинони деҳаи Чаҳордара мегӯянд, Фотима як рӯз қабл аз маргаш дар туйи ҳамсояаш ширкат дошт ва вазъи саломатию ҳолати руҳияш хуб менамуд.

Мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, худкушии ноболиғро таҳқиқ хоҳанд кард ва баъдан шарҳи пурра дар ин бора итиллоъ хоҳанд дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *