Соядастҳои Бозор Собир


Боре, дар як нишаст ба устод Бозор Собир суол медиҳанд, ки шумо кай ва дар кадом ҳолат шеър менависед ё илҳоми шумо кай меояд?
Устод кӯтоҳ посух медиҳанд:

“Дигаронро намедонам, шояд барои баъзеҳо илҳом шеър орад, вале ман мурда-мурда шеър менависам”.
Ин посух маънои онро дошт, ки шоир сари ҳар мисраъ заҳмат мекашад ва пайваста болои шеъраш кор мекунад.
Ба ин нигоҳ накарда, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шоири зиндаёд бадоҳатан шеърҳои зиёде мегуфт ва ин шеърҳояш камтар аз ашъори китобҳояш нест. Табъи равони устод Бозор Собир дар соядастҳояш бештар мушоҳида мешавад. Дар ин матлаб чанде аз он соядастҳоро манзури шумо мегардонем.

Нақл мекунанд, ки дар як сафари эҷодӣ ҳамроҳи адибон, рӯзноманигоре бо номи Гулбаҳор ширкат доштааст, ки ба Бозор Собир писанд меояд. Дар вақти таоми шом хӯрдан устод Гулбаҳорро дар сари миз намебинад ва мушавваш ӯро суроғ мекунад. Чун Гулбаҳор пайдо мешавад, шоир бадоҳатан мегӯяд:
Як гул баҳор нест,
Сад гул баҳор нест.
Ҳатто ҳазор боғи пур
аз гул баҳор нест,
Гар Гулбаҳор нест.

Аҳли нишаст завқ бурда, ба шоири тавоно таҳсину офарин мехонанд.
Адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода нақл мекунад: “Солҳо орзу мекардам, ки устод Бозор Собирро ба хонаи худ ба меҳмонӣ даъват кунам. Ин дар яке аз рӯзҳои офтобии фасли баҳор муяссарам шуд. Устод таклифи маро қабул кард ва бо чанд нафар дӯстон ба хонаи мо омад. Ман аввал рубобро гирифта, чанд суруд пешкаши аҳли нишаст кардам. Баъди таомхӯрӣ бо устод суҳбати дурударозе сурат гирифт.
Дар ин суҳбат ман бештар аз ашъори Шиблии Нуъмонӣ пора-пора аз ёд мехондам ва устод хушнуд мешуданд. Дар охир китоби устодро дода, аз ӯ хоҳиш кардам, ки соядаст нависанд. Устод як ба чеҳраи ман баъд ба шифти хона нигоҳ карда, фурсате нагузашта, ба навиштан оғоз карданд:
Ҷое ки ту бошӣ, олиме
олим нест,
Ҷуз Шиблии Нуъмонӣ касе
лозим нест.
Ҷое ки ту бошӣ, шоире
нест зарур,
Танбӯрнавози моҳире
нест зарур.

Ин навиштаи устодро чун ганҷи бебаҳои худ якумр дар тоқи баланди хонаам чун ёдгорӣ нигоҳ медорам”,- мегӯяд Ҷамолиддин Саидзода.
Бозор Собир ба дӯстони шоираш низ китобҳо туҳфа карда, соядастҳои пурмеҳр навиштааст. Барои мисол, ба Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким бо чунин соядаст китоб ҳадя мекунад:
Аскар Ҳаким, Аскар Ҳаким,
Ман бе ту кам, ман бе
ту ним.

Шоири маъруф Муҳаммад Ғоиб низ дар яке аз барномаҳои телевизионӣ аз ин маҳорати Бозор Собир ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ аз соядасти барояш навиштаи устод ҳарф зад:
Дар шеъру ғазал агарчи
Соиб нашавӣ,
Дорам зи Худо талаб, ки
Ғоиб нашавӣ.

Устод Бозор Собир ба эҷоди Раҳмат Назрӣ, Қувват Давлат, Искандари Хатлонӣ, Низом Қосим ва Сайёди Ғаффор таваҷҷуҳи хоса дошт. Аз пешрафти ин шоирони тозагӯ рӯҳаш болида мегардид. Бахусус ба шоири навҷӯ Низом Қосим равобити қавӣ ва муҳаббати беандоза дошт. Ӯ дар соядасти хеш ба Низом Қосим навиштааст:
Ту Низомиддинӣ, на
Шамсиддин,
Низ ман Собирам, на
Мавлоно.

Дар ин миён шоир ва рӯзноманигори файласуфтабиат Ҳамроҳ Авлиёпур низ бенасиб намондааст:

Дар ҷодаи назму насри ғарро,
Аз роҳ намонӣ ҳеҷ Ҳамро.

Бозор Собир рӯзноманигоронро дӯст медошт. Шояд босабаб он ки худ солҳои тӯлонӣ дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба ҳайси ходими адабӣ ифои вазифа мекард.

Дар нишасте, ки аз соядастҳои устод Бозор ёд мешуд Ҷумъаи Мирзо гуфт, ки боре китоби устодро ба наздаш бурда хоҳиш кардам, ки соядасте нависад. Ӯ номамро пурсид: -“Ҷумъа”,- гуфтам ва устод ба навиштани байти зерин пардохт:

Ҷумъа рӯзи шарифи
ҳафта аст,
Ҳамчу шеъри банда
суфта аст.

Рӯзноманигор Ҳокими Азиз, ки дар он суҳбат иштирок дошт, бо як хушҳолии ба худ хос гуфт:
-Устод барои ман ҳам соядасте навиштааст:
Зиндагӣ дар даҳр бозӣ нест,
Дарвозӣ ба маънои
даҳанвозӣ нест.

Рӯзноманигори хеле ҷавону сермаҳсул Одил Нозир, ки бештар навиштаҳояш аз ҳаёту эҷоди бузургмардони адабиёту фарҳанг аст, низ соядасти устодро, ки барояш навиштааст, азиз медорад:
Як лаҳза чеҳраат аз
муқобил намеравад,
Аз дида гарчи меравад,
аз дил намеравад.

Дар ин миён як соядасте, ки Бозор Собир барои шоир Абдуллоҳи Дӯст (Абдулло Хоксорӣ) навишта буд (дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта), вирди забонҳо гашт. Абдулло маҷмӯаи якуми Бозорро, ки бо номи «Пайванд» чоп шуда буд, ба наздаш оварда, хоҳиш мекунад, ки соядасте нависад. Ба қавле онҳо ҳамсабақ ҳам будаанд. Абдулло ҳамеша зимистону тобистон таги як палтои сиёҳ мегашт. Бозор Собир ба Абдулло назар карда менависад:

Туро зиндагонӣ сияҳнома
кард,
Баҳору зимистон ба як
ҷома кард.
Ҳарчанд ин байт воқеӣ буду самимӣ, вале ба Абдулло хуш намеояд ва ӯ ҷавоб менависад:
Дуруст асту ҳақ дар
шигифтам, вале
Ки як мурда бар мурда
дилнома кард.

Устод Бозор Собир соядастҳои зиёде аз худ ба ёдгор мондааст, вале онҳо парешонанд. Гирд овардану дар шакли китоби алоҳидае чоп карданашон ҳеҷ гоҳ аз манфиат холӣ нест.

Иззатбеки Идизод,
журналист

P.S.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” омода аст, ки соядастҳои устод Бозор Собирро, ки ба шумо — хонандагони азиз навиштааст, ба нашр расонад. Соядастҳои шоирро бо нишон додани санаи иншо шуданашон ба суроғаи мо фиристед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *