Таваллуд
Зане, ки ба наздикӣ таваллуд кардааст, ба назди духтури занона ба ташхис меояд. Духтур мегӯяд:
-Гӯш кунед, шумо нав таваллуд кардед, боз ҳомиладор ҳастед. Магар баъди аз зоишгоҳ ҷавоб шудан дарҳол ба бистари хоб даромадед?
Зан дар ҷавоб:
-Не, ман аввал шурбо пухтам.

Меҳри модар
Кӯдаке ба мураббияаш мегӯяд:
-Очаам маро сахт дӯст медоранд.
Мураббия барои кӯдакро санҷидан мепурсад:
Ту аз куҷо медонӣ, ки сахт дӯст медорад?
Кӯдак мегӯяд:
-Барои он ки падарҳоям зуд-зуд иваз мешаванд, вале очаам маро ҳеҷ гоҳ иваз намекунанд.

Шабушки бемор
Дар беморхона духтур аз мӯйи сари бемор шабушк пайдо карда мегӯяд:
— Шумо медонед, ки шабушк доред?!
Бемор:
-Бале, медонам.
Духтур:
-Медониста бошед, чӣ гуна табобат мекунед?
Бемор дар ҷавоб:
-Барои чӣ табобат кунам? Шабушкҳои ман бемор нестанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *