Созишномаи $100 миллион барои неругоҳи “Роғун” имзо шуд
Дар шаҳри Душанбе Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи НБО-и «Роғун» имзо шуд.
Созишномаро 4-уми декабр Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдураҳмон Ал-Маршад ба имзо расониданд.
“Ҳадафи асосии созишнома- ин иштирок дар маблағгузории сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷиҳати таъмини неруи барқи барқароршаванда барои афзоиши истеҳсоли неруи «сабз» ва пешбурди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон мебошад”,- иттилоъ додан ба Pressa.tj аз вазорат.
Арзиши умумии созишнома 100 млн долларро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ