Созмонҳои байналмилалӣ имзои ҳуҷҷатҳои таърихиро аз ҷониби се ҳамсокишвар истиқбол карданд

Созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин як қатор давлатҳо ба имзои шартнома дар бораи нуқтаи пайвастани марзҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, инчунин эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ байни се кишвар истиқбол карданд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар робита ба имзои шартномаи сеҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҷудо кардани нуқтаи буриши марзҳои се давлат, инчунин эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ изҳори истиқбол кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳуҷҷатҳо аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Қирғизистон Садир Жапаров ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни ҳамоиши 31 март дар Хуҷанд имзо шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image