Созмони “Нур” ба коронавирус гирифтор шудани зодагони Тоҷикистонро рад кард

Броимшо Мамадшоев, табиби қалб ва ёвари тиббии созмони «Нур”  рӯзи 29-уми март дар суҳбат бо хабаргузории «Спутник” овозаҳо дар бораи гӯё дар шаҳри Маскав ба коронавирус гирифтор шудани се зодаи Бадахшон ва дар беморхонаи «Коммунарка”-ро рад кард.

Бино ба иттилои манбаъ аз нӯҳ нафаре, ки дар беморхонаҳо ҳастанд — 2 нафар дар табобатхонаи № 15, 1 нафар дар бемористони сироятии №1, ду нафар дар бемористони №68, як нафар дар беморхонаи № 13, се кӯдак дар беморхонаи Морозовский ва як бемор дар табобатхонаи №67 таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Мамадшоев гуфт, мардум набояд ба суханҳои бофта бовар кунанд, балки ба омори расмӣ такя намоянд.

Ӯ ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки агар муҳоҷирон дар худ нишонаҳои дарди сар, сулфа, дилбеҳазӯрӣ, нафаскашии вазнинро эҳсос кунанд бояд ба ёрии таъҷилӣ занг зананд.

Дар баробари ин, манбаъ афзуд, ки агар муҳоҷир қоидаҳои буду бошро вайрон карда бошаду ҳуҷҷатҳояш нодуруст бошанд ҳам, набояд бемориашро пинҳон кунад.

Мамадшоев ҳамчунин гуфт, дар ҳама маврид муҳоҷирон метавонанд ба Созмони «Нур» муроҷиат кунанд.

Ёдрас мешавем, ки мувофиқи қарори президенти Русия Владимир Путин аз 28 март то 5 апрел ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар ҳудуди Федератсияи Русия карантин эълом шудааст.

Броимшо Мамадшоев қайд кард, ки бо қадри имкон муҳоҷирон набояд манзили зисташонро тарк кунанд ва бояд карантинро риоя кунанд, то худ ва наздиконашонро дар хатар нагузоранд.

Тибқи омори расмӣ, то 29 март шумораи умумии мубталоёни коронавирус дар Русия ба 1534 кас расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *