Коронавирус: Сироятёфтагон, фавтидагон ва шифоёфтагон

Шумораи нафарони сироятёфта аз коронавирус дар Русия ба 1534 нафар, шумораи нафарони шифоёфта ба 64 нафар ва шумораи нафарони фавтида ба 8 нафар расид. Дар ин бора омадааст дар маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ.

Ҳамчунин дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Украина шумораи беморони гирифтор ба COVID-19 ба 475 нафар, дар Арманистон ба 424,  Қазоқистон ба 284,  Молдова ба 263, Озарбойҷон ба 209, Ӯзбекистон ба 144 ва  Қирғисзистон ба 84 нафар расид.

Дар Беларус шумораи гирфиторон бетағйир боқӣ монда, 94 нафарро ташкил медиҳад.

Дар баъзе аз ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 64 нафар, Беларус — 32, Арманистон — 30, Қазоқистон — 20, Озарбойҷон — 15, Ӯзбекистон – 7, Украина — 6 ва Молдова — 2 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Илова бар ин, дар Россия 8 ҳолати фавт бар асари коронавирус, Украина – 10, Озарбойҷон – 4, Арманистон – 3, Молдова – 2, Ӯзбекистон — 2 ва Қазоқистон — 1 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 120 нафарро ташкил медиҳад, ки ду каси онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, дар ҷаҳон беш аз 722 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 33 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 151 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 26 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *