Спитамен: Дастовардҳои беназир ва пай дар пай

Рӯзҳои охир номи яке аз ноҳияҳои пешрафтаву машҳури кишвар — ноҳияи Спитамен дар доираҳои васеъ мутантан садо дод. Ин ноҳия аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ба даҳгонаи аввал ворид гардид.

Пешсаф дар олимпиада

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи натиҷаи ҷамъбастӣ шаҳру ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Данғара, Исмоили Сомонӣ, Исфара, Ҳисор, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Хоруғ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо ба даҳгонаи аввал дохил гардидаанд.

Шоистаи таъкид аст, ки хонандагони ноҳияи Спитамен дар ин олимпиада 13 мақоми ифтихориро соҳиб гардида, 3 нафари дигар бо Ифтихорнома сарфароз шудаанд. Аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейи ноҳия — Ҷӯрабоева Мадина, Худоёрова Сайёра, Холиқулова Райҳон, Бозорова Шаҳзода, Солиев Азамат, Дониёров Шералӣ, Мирбаротова Рухшона, Бобоева Азиза, Назирбобоева Дилдора, Маликова Маҳина, Ҷӯрабоева Ирода, Бекназаров Сардор, Мирсаидов Манучеҳр 2 мақоми аввал, 3 мақоми дуюм ва 8 мақоми сеюмро ишғол намуда, шарафи ноҳияи Спитаменро дар миқёси ҷумҳурӣ баланд бардоштаанд. Ҷиҳати иштироки фаъолона ва соҳиб шудан ба натиҷаҳои хуб се нафар хонандагон — Тюраева Нозанин, Орипов Сардор, Эркабоев Давлат бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудаанд.

Масъулин изҳори хушнудӣ мекунанд, ки шомил шудани ноҳияи Спитамен дар қатори даҳ шаҳру ноҳияи беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи дараҷаи дониши иштирокчиёни олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ натиҷаҳои баланд нишон додаанд, барои аҳли маориф, дар маҷмуъ хурду бузурги ноҳияи Спитамен дастоварди наҷиб аст.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Спитамен 33 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 2 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат, 10 муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ, 1 муассисаи томактабии хусусӣ, 1 интернати назди муассисаи таълимӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият мебаранд.

Теъдоди умумии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли таҳсили 2021-2022-юм 32 ҳазору 78 нафар, аз ҷумла 15 ҳазору 755 нафар духтаронро ташкил медиҳад.

Дар соли таҳсили 2021-2022 шумораи умумии омӯзгорон 1935 нафарро ташкил намуда, аз ин шумора 1608 нафар занон ба ҳисоб мераванд. Бо маълумоти олӣ 1794 нафар (92,7 фоиз), олии нопурра 80 нафар (4,1 фоиз) ва 61 нафар (3,1 фоиз) миёнаи махсус мебошанд.

Дар ноҳия 1 мактаби варзишии бачагону наврасон аз рӯи 13 намуди варзиш — волейбол, баскетбол, футбол, тенниси рӯимизӣ, шашка, шоҳмот, футбол, бокс, каратэ-до, гӯштини дзюдо, гӯштини тарзи озод, гӯштини миллӣ, гӯштини камарбандӣ, ҷиу-ҷитсу фаъолият мебарад. Дар ноҳия 1 варзишгоҳ, 91 майдончаи варзишии оддӣ ва замонавӣ, 36 толори варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ ва 1 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият мекунанд.

Рушди иқтисодиву иҷтимоӣ

Натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Спитамен ва дастоварҳо дар ин самт низ назаррас гуфта мешавад. Бино ба иттилои муовини якуми раиси ноҳия Муҳаммадназар Ҷовид, дар семоҳаи якуми соли 2022 буҷети ноҳия 101,5 фоиз иҷро гардидааст. Давоми семоҳаи якуми соли 2022 рушди соҳаи саноати ноҳия таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмуъ мувофиқи ноҳия ба маблағи 143 миллиону 377,4 ҳазор сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 137,7 ҳазор сомонӣ зиёд, ё ин ки ба 100,1 % баробар гардидааст.

Дар гузориши муовини раиси ноҳия таъкид мешавад, ки кишоварзони ноҳия баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти бозори дохилӣ ва берунӣ софдилона меҳнат намуда, дар семоҳаи якуми соли 2022 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 52 миллиону 847,8 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 108,2 % маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 дар ноҳия корхонаи хурди равғанбарории ҶДММ “25-солагии Истиқлолият”, марҳилаи дуюми ҶСП “Норд Азия Металл”, сехи коркарди мағзи зардолу ва банду басти он дар ҶДММ “Зуҳал КО” ва заводи хиштбарорӣ дар деҳаи Ҳавотаги ҷамоати деҳоти Куруш мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шуда буданд.

Тандурустӣ дар мадди аввал

Дар ноҳияи Спитамен ба аҳолии ноҳия беморхонаи марказии ноҳия дорои 380 кат, беморхонаи минтақавии Куруш дорои 35 кат, беморхонаи минтақавии Хуррамзамин дорои 20 кат, Марказҳои саломатии №1 ва 2, ҳамчунин 9 марказҳои саломатии деҳот, 8 хонаҳои саломатӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ хизмат мерасонанд. Дар ноҳия ду бригадаи ёрии таъҷилии тиббии шабонарӯзӣ фаъоланд.

Айни замон дар ноҳия Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и ноҳияи Спитамен фаъолият дорад, ки дар Марказ 5 воҳиди корӣ мавҷуд аст. Марказ пурра бо таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида шуда, тамоми шароитҳо мавҷуданд.

Нақшаи даъват иҷро шуд!

Масъулини ноҳияи Спитамен дар баробари рушд додани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ба масъалаи дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҳамин аст, ки ноҳияи Спитамен нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсту худшинос пурра иҷро намуд. Дар ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои нақша барои мавсими баҳории даъват силсилаи ташаббусҳои судманд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт иқдоми самарабахш, аз ҷумла тарғибу ташвиқи хизмат дар сафи Артиши миллӣ роҳандозӣ гардид. Натиҷаи ҳамин ибтикороти судманд буд, ки имрӯз ноҳия  нақшаи даъватро иҷро кард.

Маврид ба зикр аст, ки миёни ҷамоатҳои деҳоти ноҳия фаъолнокиро ҷавонони ҷамоати деҳоти Куруш, Улҷабоев ва Сарбанд нишон дода, аввалин шуда миёни дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия нақшаро таъмин намуда ва ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен пайваста талош мекунад, ки ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба марз дар замири ҷавонони ноҳия таҳким ёфта, ҷавонон ҳамчун такягоҳи боэътимод дар таъмини сулҳу суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд. Ҳамакнун, ҷавонони садоқатманди ноҳия беш аз пеш масъулияти худро дар назди Ватан ҳис намуда, ихтиёран худро номнавис мекунанд ва ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дохил мешаванд.

Раиси ноҳия Темурҷон Нуъмонзода ҳар сари чанд вақт масъулинро вобаста ба бурду бохти соҳаҳо пурсиш намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва расидан ба дастовардҳои шоиста муваззаф менамояд. Ин имконият медиҳад, ки рушди соҳаҳо ва самаранокии самтҳои фаъолият таъмину назорат карда шавад.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *