5-уми июн мақоми Назарбоев бекор мешавад (аудио)

Дар Қазоқистон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи он кишвар рӯзи 5-уми июн раъйпурсии умумихалқӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 5-уми май фармон имзо кард.

Интизор меравад, ки бар пайи ин тағйирот мақоми «Пешвои миллат» ё «Елбасӣ»-и раисҷумҳури собиқи ин кишвар, ки меъёри конститусионист, бекор шавад.

«Ислоҳоти Конститутсия ба тағйироти куллии ҳамаи шохаҳои ҳокимият равона шудааст.

 Тағйирот гузариши қатъӣ аз шакли идорасозии «президенти қавӣ» ба шакли ҷумҳурии президентӣ бо парлумони бонуфуз ва ҳукумати ҳисоботдиҳандаро мадди назар дорад»,- гуфт Тоқаев рӯзи 5-уми май.

Тоқаев дар як суханронӣ рӯзи 29-уми апрел гуфта буд, ки раъйпурсӣ барои қабули Конститутсия дар он кишвар бори охир соли 1995 баргузор шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *