“Старекс”-у “Мерседес” тарки Душанбе мекунанд

Шаҳрдории Душанбе ният дорад, зина ба зина дар кӯчаҳои пойтахт ба ҷои “старекс”-у “мерседес”-ҳои мусофирбар ҳаракати автобусҳоро роҳандозӣ кунад.

Ғаюрбек Искандаров, директори муассисаи “Душанбенақлиётхадамотрасон»  гуфтааст,ки  баровардани автобусҳо ба ҷои “старекс”-у “мерседес”-ҳои нав аз ҳафтаи оянда оғоз мешавад: “Корро аз кӯчаи Неъмат Қарабоев оғоз мекунем ва зина ба зина монанди хиёбони марказӣ дар кӯчаҳои дигари пойтахт роҳандозӣ мешавад”.

Ӯ афзуд, барои таъмини талаботи пойтахт то моҳҳои апрел-май боз автобусҳои нав ворид мешаванд.
Раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” далели ивазкунии “старекс” ва “мерседес”-ҳоро ҳалли мушкили мусофирбарӣ ва ҷилавгирӣ аз танбашавии нақлиёт арзёбӣ кард.
Ҳоло  дар Душанбе даҳҳо ҷамъиятҳои мусофирбарӣ фаъолият дошта, ҳудуди 2 ҳазор “старекс”-у “мерседес”-ро дар бар мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *