Стивен Сигал дар бораи Донбасс филм меофарад
Продюссер ва ҳунарманди машҳури амрикоӣ Стивен Сигал тасмим гирифтааст, ки дар бораи ҳаводиси Донбасс як филми мустанад ба навор гирад.
Роҳбари ҶМД Денис Пушилин дар “Твиттер” хабар додааст, ки ҳунарманд аллакай аз боздоштгоҳи муваққатии Еленовка, ки маҳбусон бар асари ҳамлаҳои низомиёни украинӣ кушта шудаанд, дидан кардааст.
Дар вохӯрӣ Стивен қайд намудааст, 98 фисади онҳое, ки дар бораи ин низоъ дар расонаҳо ҳарф мезананд, аз ин ҷойҳо дидан накардаанд. Аз ин рӯ, ҷаҳон асли воқеаро намедонад. Ин ҳунарманд қайд намудааст, ки бо офаридани филм назари ҷаҳонро ба ин низоъ тағйир медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ