Стивен Сигал шаҳрванди Руссия шуд
Стивен Сигал, ҳунарпешаи амрикоӣ, ки дархосташ барои дарёфти шаҳрвандии Русия ба тозагӣ пазируфта шуд, рӯзи ҷумъа гузарномаи худро аз дасти Владимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар гирифт. Путин дар ҷараёни ин маросим дар Кохи Кремлин гуфт, умед дорад, ин иқдом сароғозе барои “тармими равобити Амрикову Русия” бошад. Стивен Сигали 64-сола устоди варзишҳои размӣ аст ва маъмулан дар ҳамин гуна филмҳо ба ифои нақш пардохтааст. Қаблан ҳимояти ӯ аз ғасби Қрим аз тарафи Русия бо интиқоди зиёд рӯ ба рӯ шуда буд. Чанд сол пеш Жерар де Пардйе, яке аз бозигарони маъруфи фаронсавӣ, низ шаҳрвандии Русияро гирифта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ