Кобул ва  Кобулов чаро аз ҳамдигар норозианд?

Изҳороти охирини намояндаи махсуси Русия дар Афғонистон Замир Кобулов аз ҷониби ҳукумати Афғонистон ба вокуниши сахте рӯ ба рӯ гардид, ки муносибати байни ду кишварро то андозае халалдор кард. Замир Кобулов, ба хабаргузори туркии “Анатолу” гуфтааст, ки толибон бар зидди касоне меҷанганд, ки мо дар баробарашон дар Сурия даргири ҷанг ҳастем ва бо ҳамин сабаб, манофеъ моро ба ҳам наздик мекунад. Қабл аз ин ҳам ҷониби Афғонистон аз он норозӣ буд, ки Русия дар паси парда бо толибон гуфтугузорҳои дуҷониба анҷом медиҳад ва ҳатто президенти ин кишвар моҳи сентябри соли 2014, вақте ки ба Душанбе сафар карда буд, ба таври пинҳонӣ дар ҳудуди пойгоҳи 201 бо сарвари толибон Мулло Ахтар Мансур (мувофиқи баъзе маълумотҳо, баъдан ин шахс аз зарбаи ҳавоии бесарнишинҳои амрикоӣ кушта шуд) гуфтугузор анҷом додааст. Баъд аз ин мулоқот  ба гуфти расонаҳои ғарбӣ, толибон нисбати пештара хеле фаъолтар шуданд ва ҳатто дар давоми сол ду маротиба  яке аз бузургтарин шаҳрҳои шимоли ин кишвар – Қундузро зери тасарруфи худ дароварданд, ки баъдтар бо кумаки ҳавоии амрикоиҳо озод карда шуд.

Тавре ки Ҷовид Аҳмад, таҳлилгари масоили сиёсии кишварҳои ҳавзаи Афғонистон дар маҷаллаи “Foreign Affairs” навиштааст, ҳоло толибон  бо Русия бо роҳи пинҳонӣ алоқа мекунанд ва аз он ҷо яроқу аслиҳа мегиранд. Тавре ки ӯ мегӯяд, аллакай дар дасти ҷанговарони ин созмон “калашников”-ҳои навтарини сохти Русия  ва гранатомётҳои такмилёфтаи ин кишварро дидан мумкин аст. Азбаски манфиати Русия, ки инро аз забони фиристодаи махсуси ин кишвар расонаҳо паҳн карданд, бо манфиатҳои толибон дар мубориза ба муқобили ДИИШ як аст, онҳо ҳоло ба миқдори зиёд толибонро бо яроқи замонавӣ таъмин намуда истодаанд. Ҳатто ҳаракати толибон  як гурӯҳи махсуси мубориза бо ДИИШ-ро созмон додааст, ки таҷҳизоташ пурра аз ҷониби Русия таъмин гардидааст. Хулоса, он чӣ ки Русия бо толибон ҳамкорӣ дорад, акнун барои касе пӯшида нест. Албатта,   ҳар кишвар аз манфиатҳои худ дифоъ менамояд ва ҳадафи Русия низ роҳ надодани ДИИШ ба марзҳои кишварҳои ҳамманфиати худ аст. Аммо таҳлилгарони ғарбӣ суол мекунанд, ки  оё ин ҳамкорӣ дар оянда барои худи Русия мушкилот ба амал намеорад?  Зеро афғонҳои одӣ байни толибон ва ДИИШ ягон фарқеро намебинанд ва ҳукумати Афғонистон низ аз он, ки Русия бо яке аз душманони  он ҳамкорӣ мекунад, ҳаргиз хурсанд нахоҳад шуд. Ҷовид Аҳмад ҳамчунин даъвои онро дорад, ки Русия бо толибон тариқи ҳампаймонҳояш  дар Осиёи Марказӣ амал мекунад. Шояд ин ҷо ӯ Тоҷикистонро дар назар дошта бошад, ки   бо Афғонистон тӯлонитарин марз дорад ва пойгоҳҳои ҳарбии Русия низ дар ҳамин кишвар воқеъ аст. Ҳарчанд Русия  ба таври расмӣ ҳамкориҳояшро бо толибон тасдиқ намекунад ва ҳатто онро рад менамояд, (Ҳаракати толибон дар Русия ва Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ мамнӯъ эълон гардидааст), аммо аз забони баъзе аз намояндагони он гуфтугузорҳоро дар мавриди имкони ҳамкорӣ бо ин созмон пай бурдан мумкин аст. Ҳатто сафири Русия дар Тоҷикистон   Игор Лякин-Фролов пас аз чопи як мақола  дар “The Sunday Times” оид ба ҳамкориҳои Русия  ва толибон дар як суҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе гуфта буд, ки “дар миёни толибон як гурӯҳ толибҳои ба истилоҳ нармтар ҳастанд, ки мехоҳанд бо Русия гуфтушунид кунанд. Бо миёнаравии чанде аз давлатҳо баъзе гуфтушунидҳо сурат гирифтанд, аммо то ҳол ягон натиҷаи мушаххас ба даст наомадааст”. Аммо таҳлилгарон бар он ақидаанд, ки агар натиҷаи мушаххас намешуд, толибон ҳоло дар Афғонистон худро ин қадар озод ҳис намекарданд ва ҳатто қисмати зиёди вилояти Ҳилмандро зери тасарруфи худ намедароварданду дар шимоли кишвар фаъолтар намешуданд. Тавре гуфта шуд, ки ин ҳамкориҳо ҳанӯз аз аввали соли ҷорӣ оғоз гардида буданд. Дар ин бора  як намояндаи Хадамоти разведкаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба агентии “Associated Press” гуфта буд, ки Русия равобиташро бо гурӯҳи толибон таҳким бахшида, аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд. Яъне, ҳоло гуфтан мумкин аст, ки Русия қариб як сол мешавад,ки толибонро дастгирӣ мекунад ва ин ҳам ба хотири дар Афғонистон роҳ наёфтани ДИИШ аст. Аммо афғонҳо аз ин пуштибонии Русия сахт нигаронанд. Ба қавли Ҷовид Аҳмад, ин ҳамкориҳо муваққатианд  ва ин метавонанд барои ояндаи Афғонистон хатари ҷиддӣ дошта бошад ва ба хотири манфиатҳои кӯтоҳмуддат ояндаи ин кишвар ва ҳатто минтақаро зери хатар гузоштан сиёсати хуб нест. Тавре, ки  Фазлҳодӣ Муслимёр, раиси Маҷлиси Сенати Афғонистон дар ҷаласаи рӯзи  20 ноябр изҳор дошт, равобити ҳар кишваре бо “Толибон” ба маънии душманӣ бо Афғонистон аст. Ӯ аз ҳукумати Афғонисон хост, ки  “ба таври возеҳ мавқеи худро рӯшан созад. Маълумоте, ки дар даст дорад онро бо мақомоти русӣ дар миён бигузорад ва таърихи гузаштаи русҳоро ҳам ёд кунанд, то аз мудохила дар умури дохилии Афғонистон худдорӣ намоянд”.

Ӯ изҳороти ахири Кобуловро маҳкум мекунад: “Толиб душмани Афғонистон аст ва равобит бо душман душманӣ бо мардуми Афғонистон аст”. Дар ин маврид, назари коршиносони тоҷик чӣ гуна аст?

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *