Суғд: 38 нафар барои насупоридани алимент аз озодӣ маҳрум гардид
Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд давоми як соли 2023-юм 38 нафарро барои насупоридани маблағи алимент аз озодӣ маҳрум карданд.
Дар ин бора Оятулло Раҳматзода сардори ин ниҳод зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Таъкид гардид, ки дар ин давра нисбати 200 нафар алиментсупорандагон бинобар ашадӣ саркаши намудан аз пардохти маблағи қарзи алимент пешниҳодҳо ба мақомоти прокуратура ирсол гардидааст, ки аз ин шумора 161 адади он қонеъ карда шудааст.
Бино ба иттилои масъулин ҳоло 111 нафар алиментсупорандагон, аз сабаби муайян набудани ҷойи зист ва дарёфт нагардидани молу мулки онҳо дар асоси қарорҳои иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар кофтукоб қарор доранд.
Дар ин самт корбарии мақомот ҳоло идома дошта, барои рӯёнидани маблағи қарздорони алиментсупорандагон чораҷӯйӣ карда мешавад.
Фарзона Шамсиева
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ