Бохтар: Раиси нав мушкили куҳнаро ҳал мекунад?

Қисме аз бинои Муассисаи томактабии рақами 7-и шаҳри Бохтар валангор аст. Мутаассифона, бо гузашти беш аз даҳ сол ва иваз шудани чанд раис мушкили мавриди назар бартараф нагардид. 

Гурез аз суҳбат

Чанде пеш мо барои дидани Муассисаи томактабии рақами 7-и шаҳри Бохтар рафтем. Шаҳло Ҳотамова, мудири кӯдакистон нахост дар масъалаи таъмирталаб будани бинои кӯдакистон бо мо суҳбат кунад. Фақат гуфт: “Ман нав чор моҳ шудааст, ки мудир таъин шудам. Дар ояндаи наздик ин мушкилӣ бартараф карда мешавад”.

Барои гирифтани маълумоти бештар ба шуъбаи маорифи шаҳр муроҷиат кардем. Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳр низ шарҳи масъаларо ба дӯши Фаридун Сайдаҳмадзода, сармутахассиси шуъбаи маориф гузошт.

Тирезаҳои клёнкапеч

Фаридун Сайдаҳмадзода дар суҳбат гуфт, ки барои шуруъ кардани корҳои сохтмонӣ мудири кӯдакистон дархост кардааст ва бо ҳиссаи буҷети маҳаллӣ сохтмони қисмати вайронаи бино оғоз мегардад. Ӯ афзуд, ки дару тирезаҳои ошёнаи якуми бино пурра иваз шудааст.

“Ошёнаи якум таъмири замонавӣ шудааст. Мо дару терезаҳоро пурра иваз кардем. Ҳамаи онҳо замонавӣ, пластика монда шудаанд”,- афзуд ӯ.

Вале аз мушоҳидаи мо маълум шуд, ки дару тирезаҳо замонавӣ нестанд. Барои гарм нигоҳ доштани дохили ҳуҷраҳо аз дохили тирезаҳо “клёнка” кашида шудааст.

Ваъдаи раис

Абдулмаҷид Муминзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар дар аввалин нишасти хабарии хеш гуфт, ки «мо аллакай аз кӯдакистон дидан кардем». Ӯ афзуд, ки як қисми бино ба таъмир фаро гирифта шудааст ва дару тирезаҳои қисмати дигари бино бошад, куҳна ва аз соли бунёди кӯдакистон боқӣ мондааст.

— Мо супориш додем, то харҷнома пеш аз ҳама барои иваз кардани дару тирезаҳои кӯдакистон тартиб дода шавад. Ин масъала таҳти назорати худам меистад. Дар рӯзҳои наздик мушкил пурра ҳал карда мешавад,- таъкид кард вай.

Ёдовар мешавем, ки феълан дар шаҳри Бохтар 22 муассисаи томактабӣ бо фарогирии зиёда аз 3 ҳазору 190 кӯдак фаъолият доранд.  

Машраби АЛОВИДДИН,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *