Суғд: 39 нафар маҳкумшуда барои напардохтани алимент

39 нафар алиментсупоранда бинобар саривақт насупоридани пули алимент аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, аммо баробари маҳкум шудан, маблағи алименти боқимондаашонро месупоранд.

Дар ин бора Алиҷон Амонзода — сардори Раёсати хадамоти иҷро дар вилояти Суғд зимни баргузории нишасти матуботияш баён дошт. Бино ба иттилои ӯ, шахси алименсупоранда бинобар содир намудани ҷинояташ, яъне насупоридани чандвақтинаи маблағи алимент маҳкум шудаанд, вале ин маънои онро надорад, ки маҳкумшудагон аз маблағи қарзи алимент озод гардидаанд.

Ҳамзамон, нисбати 113 нафар алиментсупорандагон кофтукоб эълон гардидааст ва барои ашади саркаши намудан аз супоридани маблағи алимент 234 нафарро ба прокуратура ирсол намудаанд. Алиҷон Амонзода гуфт, ки байни ин нишондод ҳастанд, ҳолатҳое, ки давоми чанд сол маблағи алиментро барои фарзони ноболиғашон напардохтаанд.

Дар ҳолати насупоридани маблағи алимент судҳо метавонанд шаҳрвандонро мутобиқи моддаи 177-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида, аз озодӣ маҳрум намояд.
Фаррух Усмонов, махсус барои Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *